ДУШАНБЕ, 20 май - Sputnik. Хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ дод, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарвари Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқаев ба рушди ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ баҳои баланд доданд.
Робитаҳои иқтисодии кишварҳо ба якдигар ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятнок шинохта шуданд. Зикр гардид, ки Қазоқистон дар ҳаҷми умумии гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон дар ҷои дуввум мебошад.
"Гардиши савдо дар соли гузашта тақрибан як миллиард долларро ташкил дод", - омадааст дар иттилоия.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои боз ҳам амиқтар кардани шарикӣ дар доираи Комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодӣ, бояд ба соҳаҳои тиҷорат, саноат, кишоварзӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ таваҷҷӯҳи бештар дода шавад.
Эмомалӣ Раҳмон қайд кард, ки Тоҷикистон ба ҳамкорӣ бо Қазоқистон дар самти рақамисозии иқтисод, инноватсия ва воридоти технологияҳои муосир манфиатдор аст.
Ғайр аз он, гуфта шуд, ки барои рушди робитаҳо корхонаҳои муштарак оид ба коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, содироти маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза ба Қазоқистон, ташкили марказҳои муштараки тақсими яклухти молу маҳсулот дар Тоҷикистон зарур аст.
Инчунин рушди ҳамкориҳои нақлиётӣ дар соҳаи роҳи оҳан ва дигар соҳаҳо қайд карда шуд.
Аз ҷумла, сарони Тоҷикистон ва Қазоқистон масъалаи азсаргирии парвозҳо байни пойтахтҳои ду кишварро баррасӣ карданд.