ДУШАНБЕ, 20 мая — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон президенти Тоҷикистон ба ҳамтои қазоқаш Қосим Ҷомарт Тоқаев барои кумакҳояш дар замони пандемия изҳори сипос кард
"Мо аз Қазоқистон барои кумаки башардӯстонаи соли гузашта ҷиҳати мубориза бо ин уфунат миннатдорем", - гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон зимни изҳороти якҷояи матбуотӣ.
Ба иттилои котиботи президент, кишвардори Тоҷикистон гуфтааст, ки дар шароити душвори пандемияи сирояти коронавируси нав бо Қазоқистон фаъолона ҳамкорӣ мекарданд.
Дар рафти музокироти ҷонибҳо масъалаи дастгирии ҳамдигарӣ дар самти мубориза бар зидди бемории нави сироятии короновирус ва амалисозии тадбирҳо барои коҳиш додани таъсири пандемия ба иқтисоди кишварҳо, баррасӣ карданд.
Таъкид гардид, ки бо талошҳои муштарак мо тавонистем барои ҳифзу ҳимояи шаҳрвандон чораҳои таъхирнопазир андешем.
Дар ин зимн, зарур шумурда шуд, ки минбаъд ҳамкорӣ дар самти ташхис, пешгирӣ ва табобати сирояти нави коронавирус ва дигар бемориҳо идома дода шавад.
Ёдовар мешавем, дар давраи ҳамагирии коронавирус Қазоқистон яке аз аввалин кишварҳо буд, ки 5 ҳазор тонна орд ба Тоҷикистон ҳамчун кумаки башардустона дод.