ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров пас аз гуфтушунид бо котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен дар нишасти матбуотӣ дар бораи мулоқоти эҳтимолии кишвардорони Русия ва ИМА шӯхӣ кард.
Рӯзноманигорон аз ӯ пурсиданд, ки оё Маскав ба мулоқоти президентҳо розӣ аст? Дар посух вазири корҳои хориҷӣ бо иборае аз филми маъруфи шӯравии "Офтоби сафеди биёбон" мисол овар.
"Мо гумрук нестем, ки иҷозат диҳем", - гуфт бо лабханд Лавров.
Бояд гуфт, ки ин нахустин мулоқоти рӯ ба рӯи роҳбарони идораҳои корҳои хориҷии Русия ва ИМА дар пойтахти Исландия буд.
Лавров ва Блинкен тақрибан ду соат сӯҳбат карданд. Котиби давлатии ИМА пас аз музокирот гуфт, ки ҳадафи мулоқоти ӯ бо Лавров дар Рейкявик "санҷидани пешниҳод" барои муносибатҳои устувор ва пешгӯишавандаи ИМА ва Русия мебошад.
Ёдрас мешавем, ки пештар президенти Иёлоти Муттаҳида Ҷо Байден, президенти Русия Владимир Путинро барои суҳбат дар сатҳи баланд ба яке аз кишварҳои урупоӣ даъват кард.
Шояд ҷои мулоқот Женева бошад. Ҷонибҳо бояд масъалаҳои ҷамъшударо муҳокима кунанд.
Баъдтар, Кремл гуфт, ки ҳанӯз рӯзи дақиқи музокирот маълум нест, аммо санаҳоро ҷонибҳо баррасӣ мекунанд.