ДУШАНБЕ, 20 май – Sputnik. Дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар вилдояти Суғд боз болоровии нархи гази моеъ мушоҳида мешавад.
Тавре ронандаҳо ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд, тайи ду-се рӯзи охир болоравии нарх тақрибан дар тамоми нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ мушоҳида мешавад.
Ба гуфтаи ронандаҳо дар рӯзҳои ахир нархи як литр гази моеъ тақрибан 25 дирам боло рафта дар марзи 5 сомонӣ қарор гирифтааст.
Ронандаҳо мегӯянд, ки ба сабаби болоравии нарх ва камбуди гази моеъ дар НФС шумори нақлиёт дар роҳҳои вилоят низ ба маротиб коҳиш ёфтааст.
Бояд гуфт дар вилояти Суғд ҳоло як литр бензини АИ 95 – 9 сомонӣ арзиш дорад. Инчунин нархи як литр бензини АИ 92-8,7 сомонӣ ва сӯзишвории дизелӣ 8,2, сомониро ташкил медиҳад.
Баъзе аз масъулони ширкатҳои таъминоти сӯзишвории нақлиёт (АЗС) болоравии арзиши маводи сӯхтро ба коҳишёбии ҳаҷми воридоти он рабт медиҳад.
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш дар Тоҷикистон болоравии нархи ҳама намуди маводи сӯзишвории воситаи нақлиёт мушоҳида шуда буд. Он замон нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон якбора то 10 дарсад боло рафта буд.
Қаблан баъзе аз масъулони ширкатҳои таъминоти сӯзишвории нақлиёт (АЗС) он замон болоравии арзиши маводи сӯхтро ба коҳишёбии ҳаҷми воридоти он шарҳ дода буданд.
Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон маводи сӯхт аз хориҷа асосан аз Русия ва Қазоқистон ворид карда мешавад. Бино ба иттилоъи мақомоти гумрук, соли гузашта беш аз 430 ҳазор тон гази моеъ, 180 ҳазор тон бензин ва бештар аз 250 ҳазор тон маводи дизелӣ ба Тоҷикистон ворид шудааст.
Ширкатҳои "Фароз", "Газпром", "Газойл", "Ориё", "Роҳи Сомон нафт", "Се ганҷ" ва "Суғднефт" аз ҷумлаи воридкунандаҳои маводи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.