Борону раъду барқ: пешгӯии дақиқи обу ҳавои Тоҷикистон барои 20 май

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво камабр ва тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 май - Sputnik. Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои ғарбии вилоят борони кӯтоҳмуддат меборад.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 6+11 ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 3-8 дараҷа хунук ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 12+17 ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 4+9 дараҷа гарм ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.
Насби истгоҳҳои ҳавосанҷ дар ҳафт минтақаи Тоҷикистон
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабр ва тағйирёбанда шуда, танҳо рӯзона дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ баъзан ҳолатҳо бориши сусти борон ва дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 16+21 дараҷа гарм ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 11+16 ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабр ва тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал омада, туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 дараҷа гарм ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 6+11 ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабр ва тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад. Рӯзона дар баъзе ҳолатҳо бориши сусти борон ва раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво шабона 15+17 ва рӯзона 32+34 дараҷа гарм мешавад.