ДУШАНБЕ, 20 май - Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти мақомоти вилояти Суғд, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо сафири Итолиё дар Тоҷикистон Агостино Пиннаро дидору гуфтугӯ кард.
Манбаъ иттилоъ додааст, ки дар оғози мулоқот раиси вилоят таъкид дошт, ки робитаҳо дар ҳамаи бахшҳо бо Итолиё густариш ёфта, сол аз сол дастовардҳо афзун мегарданд.
Раҷаббой Аҳмадзода афзуд, ки майдони кишти пунбадона сол аз сол васеъ ва ҳаҷми истеҳсоли пахта зиёд мешавад. Ин тасмим имкон медиҳад, ки корхонаҳои хурду бузурги коркарди пахта бунёд ва пахта то ба ҳадди ниҳоӣ коркард карда шавад. Дар ин замина пешниҳод карда шуд, ки шарикони итолиёвӣ метавонанд дар ин бахш сармоягузорӣ намоянд.
“Майдони боғу токзори нав низ ҳамасола зиёд мешавад ва коркарди меваи аз лиҳози экологӣ тоза имкон медиҳад, ки ҳам барои таъмини шаҳрвандон бо кор замина гузошта шавад ва ҳам соҳибкорон манфиат ба даст биёваранд”, - қайд кард Аҳмадзода.
Раиси вилояти Суғд таъкид дошт, ки баои беҳтар намудани фазои инвеститсионӣ дар доираи ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ корҳои муайян анҷом дода шудааст.
“Дар соли 2020 ба иқтисодиёти вилоят ба маблағи 240,9 миллион доллар сармоягузориҳо, аз ҷумла 183,4 миллион доллар сармояи хориҷӣ ва 57,5 миллион доллар сармояи дохилӣ ҷалб гардидааст” – зикр кард Аҳмадзода.
Манбаъ гуфт раиси вилояти Суғд зимни мулоқот дар мавриди фаъолияти корхонаҳои муштарак, аз ҷумла корхонаи “Ҷавонӣ” зикр кард, ва гуфт ки ин корхона самараи даврони Истиқлолият буда, соли 1992 дар асоси сармоягузории хориҷӣ ва дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ таъсис ёфтааст.
“Имрӯз он яке аз корхонаҳои бузурги саноатӣ дар Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Бино ба маълумоти мавҷуда дар корхона дар як сол наздик аз 1,4 миллион маҳсулоти тайёри дўзандагӣ истеҳсол мешаванд, ки аз 97 то 100 фоиз таркиби онҳоро пахта ташкил медиҳад. Истеҳсоли маҳсулоти коргоҳ дар асоси фармоишҳои мизоҷони аврупоӣ иҷро гашта, маҳсулот асосан ба давлатҳои Итолиё, Хорватия ва як миқдори муайян ба Русия содирот мегардад”, - қайд кард Аҳмадзода.
Дар навбати худ сафири Италия дар Тоҷикистон Агостино Пинна, ки бори аввал ба вилояти Суғд сафар кардааст, гуфт барои амалӣ гардидани нақшаҳои нек ҷонибҳо тадбирҳои мушаххасро амалӣ хоҳанд кард. Зеро ҳадаф аз ин дидору гуфтушунид тақвияти ҳамкорӣ ва истифодаи иқтидорҳои мавҷуда дар ҳамаи бахшҳо мебошад.
Манбаъ иттилоъ додааст, ки зимни ин сафар сафир аз корхонаҳои саноатии вилояти Суғд боздид намуд.
Ёдрас мешавем, ки муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Италия 15 майи соли 1992 барқарор шуда буданд.