Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия

Жириновский гуфт, аз Манижа мухлисӣ мекунаду пирӯзияшро мехоҳад

Владимир Жириновский, раиси Ҳизби либерал – демократи Русия, мегӯяд аз Манижа мухлисӣ мекунаду умед дорад, ки ӯ ҷои аввал мегирад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 май – Sputnik. Владимир Жириновский, вакили Думаи давлатии Русия, мегӯяд, умед ба пирӯзии Манижа дорад.
Раиси Ҳизби либерал - демократ дар суҳбат бо NEWS.ru изҳор доштаст, ки барояш матни суруд маъқул набуд, имкон дошт, гузинаи беҳтаре пешниҳод гардад.
Жириновский такрор кард, ки дар суруд чеҳраи зани рус ба масхара кашида шудааст.

“Тамасхури намуди зоҳирӣ, бепадарӣ дар Русия ва ғайра. Ман ҳанӯз ҳам бар ин ақидаам, ки имкон дошт чизи беҳтаре интихоб гардад. Аммо модоме ӯ пешбарӣ шуду аллакай Русияро намояндагӣ мекунад, ба кӣ дигар мухлисӣ кунем, агар ба ӯ накунем?”, - изҳор дошт Жириновский.

Ин сиёсатмадор ҳамчунин назарашро дар бораи Евровидение баён дошта, афзуд, ки дар озмун на дар овозхонӣ сабқат мекунанд, балки дар он, ки кӣ тамошобинонро бештар ба ҳайрат мегузорад.

“Яке зани ришдор пирӯз мешаваду гоҳе бадҳайбатҳое аз Финляндия. Шояд чунин суруди сабуки сиганӣ, либос ва шеваи рафтори Манижа воқеан ба ӯ бартарият диҳанд”, - гуфт Жириновский.

Ин изҳороти Жириновский дар ҳолест, ки Манижа бо суруди “Зани рус” ба финали Евровидение – 2021 роҳ ёфт.
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Манижа ба финали Евровидение - 2021 роҳ ёфт - видео
Қаблан низ раиси Ҳизби либерал демократи Русия аз ҳунарнамоии Манижа танқид карда, изҳор дошт, ки гап на дар бораи асли ҳунарманд, балки дар мавриди матн меравад. Владимир Жириновский гуфта буд, баҳое, ки дар суруд нисбат ба як зани рус дода шудааст, барои муаррифии Русия дар фестивали хориҷӣ мувофиқ нест.

Евровидение - 2021

Озмуни Евровидение 2021 дар Роттердам ҷараён дорад, ки 65 - умин аст. Нидерланд пас аз пирӯзии Дункан Лоуренс бо суруди Arcade дар соли 2019 ҳаққи баргузории Евровидениеро ба даст овард.
Аммо, бинобар пандемияи коронавирусӣ дар соли 2020, аввал озмунро ба таъхир гузоштанд ва сипас комилан лағв карданд. Пас аз беҳтар шудани вазъи эпидемиологӣ, ташкилкунандагон тасмим гирифтанд, ки Евровидение 2021-ро дар шакли пурра гузаронанд.
Даври аввали ниманиҳоӣ рӯзи 18 май баргузор шуд, даври дуюм рӯзи 20 май дар назар аст. Даври ниҳоӣ 22 май баргузор мегардад.