Карантин ва таъкиди Вазорати тандурустӣ: дар Тоҷикистон коронавирус нест

Дар ҳоле, ки шабонарӯзи охир гузоришҳо аз карантини шаҳрвандон дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд гузориш дода мешавад, Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт нашудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 май – Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ ягон ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта нашуд.
Охирин ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус ба иттилои расмӣ даҳаи аввали моҳи январи соли равон ба қайд гирифта шуда, баъди он кишвар орӣ аз ин вирус эълон шуд.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
COVID-19 ё илтиҳоби шуш? дар Хуҷанд 15 нафар бо таби баланд бистарӣ шуданд
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, аз январ то 19-уми майи соли равон дар ҷумҳурӣ ягон ҳолати гирифторӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст. Дар маҷмуъ ба иттилои мақомоти тандурустӣ дар ҷумҳурӣ 13 308 нафар бемори коронавирус ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин 13218 нафар ё 99,3% шифо ёфтаанд. Инчунин, 90 нафар бар асари ин беморӣ фавтидаанд.
Ин дар ҳолест, ки шабонарӯзи охир гузоришҳо аз карантини шаҳрвандон дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд гузориш дода мешавад.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
"Карантини ҳиндӣ”: бистарӣ шудани 15 нафар дар Хуҷанд
Эмомалии Мирзо, сухангӯи Вазорати тандурустӣ, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, афроде, ки дар Шифохонаи маризиҳои сироятии шаҳри Хуҷанд бистарӣ шудаанд, тайи як ҳафтаи ахир тариқи фурудгоҳи шаҳрҳои Истамбули Туркия ва Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб вориди Тоҷикистон шудаанд.
“Тибқи қоида, ҳар шаҳрванде, ки аз хориҷа ворид мешавад, таҳти қарантина қарор мегирад. Ин афрод дар ҷойҳои сукунати худ бистарӣ мешаванд. Он 15 нафар ҳам онҳоеанд, ки сокини шаҳри Хуҷанд буда, аксарият аз Ҳиндустон ва қисме аз Туркия вориди кишвар шудаанд”, - гуфт Эмомалии Мирзо.