Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия

Рекорди видеои Манижа дар Евровидение: беш аз 1,5 млн тамошобин дар соатҳои аввал – видео

Навори ҳунарнамоии Манижа, овозхони тоҷиктабор, ки Русияро дар Евровидение – 2021 намояндагӣ мекунад, аз ҳама зиёд тамошобин гирифтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 май – Sputnik. Навори ҳунарнамоии Манижа дар даври аввали ниманиҳоии Евровидение – 2021 – ро то зуҳри 19 май беш аз 1,5 миллион нафар тамошо карданд. Ин дар муқоиса бо теъдоди тамошобинони ҳунармандони дигар ба маротиб зиёд мебошад.
Дар зери навори ҳунарнамоии Манижа дар саҳифаи Евровидение дар Ютуб беш аз сад ҳазор нафар лайк гузошта, зиёда аз 12 ҳазор нафар онро написандидаанд.
Хадамоти матбуоти Шабакаи аввали телевизиони Русия аз ҳунарнамоии Манижа дар даври нимниҳоӣ тавсиф карда, изҳор доштааст, ки он аз ҷониби расонаҳо ва мардум хуб пазируфта шуд.
Ҳунарнамоии намояндаи Русия яке аз намоишҳои ҷаззоб дар даври ниманиҳоии озмуни Евровидение - 2021 арзёбӣ гардид. Дафъаи дигар тамошобинон зодаи Тоҷикистонро рӯзи 22 май хоҳанд дид.

Евровидение 2021

Озмуни Евровидение 2021 дар Роттердам ҷараён дорад, ки 65 - умин аст. Нидерланд пас аз пирӯзии Дункан Лоуренс бо суруди Arcade дар соли 2019 ҳаққи баргузории Евровидениеро ба даст овард.
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Манижа ба финали Евровидение - 2021 роҳ ёфт - видео
Аммо, бинобар пандемияи коронавирусӣ дар соли 2020, аввал озмунро ба таъхир гузоштанд ва сипас комилан лағв карданд. Пас аз беҳтар шудани вазъи эпидемиологӣ, ташкилкунандагон тасмим гирифтанд, ки Евровидение 2021-ро дар шакли пурра гузаронанд.
Даври аввали ниманиҳоӣ рӯзи 18 май баргузор шуд, даври дуюм рӯзи 20 май дар назар аст. Даври ниҳоӣ 22 май баргузор мегардад.