Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия

Манижа гуфт, нобоварии ҳамватанон ӯро озурда кард

Манижа Сангин, ки ҳамакнун ба даври финалӣ роҳ ёфт, аз шеваи баромади худ дар ин марҳила гуфт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 май - Sputnik. Намояндаи Русия дар Евровидение - 2021, Манижа Сангин пас аз роҳ ёфтан ба даври ниҳоии ин ҷашнвора зимни нишасти хабарӣ аз нақша ва шеваи баромади худ дар марҳилаи финалӣ гуфт.
Ин овозхони зодаи Тоҷикистон қайд намуд, ки ӯ танҳо як нақша дорад ва ин "ба мисли худ" будан аст.
Зимнан, Манижа бо изҳори таассуф гуфт, ягона чизе, ки боиси ранҷурии ӯ гардид, ин нобоварии ҳамватанон буд.
"Бале, нодӯстдорони ман бисёр буданд, бадбинӣ нисбати ман зиёд буд, вале маро аз ҳама беш нобоварии ҳамватанон ба суруди ман, ки бо забони русӣ аст, озурда кард. Мегуфтанд бо ин суруд ба финал роҳ намеёбам", - афзудааст ӯ.

Манижа дар Евровидение - 2021

Манижа, ки зодаи Тоҷикистон аст, ба даври ниҳоии Евровидение - 2021 роҳ ёфт.
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Манижа ба финали Евровидение - 2021 роҳ ёфт - видео
Намояндаи Русия бо суруди Russian Woman ҳунарнамоӣ карда, дар сегонаи аввалин овозхонҳое ворид гардид, ки ба финал роҳ ёфтанд. Нахустин даҳгона, ки ба финал роҳ ёфтанд, намояндагони Норвегия, Исроил, Русия, Озарбойҷон, Малта, Литва, Кипр, Шветсия, Белгия ва Украина мебошанд.
Дигарон нимбараҳна, Манижа бо рӯймол: намояндаи Русия Евровидение - 2021 - ро тоҷикӣ кард
Манижа ҳунарнамоии худро бо пироҳани калони гулдор оғоз кард, ки он аз пораҳои матое, ки мухлисон аз гӯшаҳои гуногуни Русия фиристода буданд, дӯхта шудааст. Пас аз чанде овозхон аз либоси калонаш бадар шуда, бо либоси сурх ҳунарнамоиро идома дод.
Баромади навбатии Манижа дар Роттердам рӯзи 22 май сурат мегирад.