ДУШАНБЕ, 19 май - Sputnik. Дар Тоҷикистон ду ходими дини "ҷанҷолӣ" аз имоматӣ барканор шуданд.
Дар ин бора Афшин Муқим, сухангӯи Кумитаи дини Тоҷикистон дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод.
Ба қавли манбаъ, рӯзи 18 май Неъматов Ҷамонулло, писари муфтии собиқи Тоҷикистон Амонулло Неъматзода, аз мақоми имоми масҷиди ҷомеи ба номи “Ҳазрати Муҳаммад (С)”-и деҳаи Саховати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ ва писари ӯ Азаматуллои Ҷамонулло аз мақоми имоми масҷиди панҷвақтаи ба номи “Эшони Исматулло”-и деҳаи Дарёбоди деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ барканор карда шуданд.
Афшини Муқим навишт, ин қарорҳо дар ҷаласаҳои ҳайъати муассисони ин ду масҷид қабул шуда, Азаматуллои Ҷамонулло “бо хоҳиши худ”, вале падари ӯ Ҷамонулло Неъматзода “бинобар вазъи саломатӣ, розигии шифоҳӣ, риоя накардани талаботи низомномаи масҷид ва шартномаи ҳамкориву хизматрасонӣ вобаста ба тарбияи ахлоқию маънавӣ” аз имоматӣ ронда шуданд.
Гуфта шудааст, ки масъулияти имомии масҷиди мазкур ба уҳдаи узви Ҳайати муассисон Касиров Асрориддин вогузор гардид.
Иттилоъ дода шудааст, ки Касиров Асрориддин хатмкардаи Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам мебошад.
Исми ин ду ходими дин - падару писар ахиран дар робита ба видеои муноқишаву дашномдиҳиашон дар масҷиди Дарёбод расонаӣ шуд.
Наворе, ки шаби 7-уми майи имсол сабт шудааст, яке аз намозгузорон аз дашном шудани ҳамагон ба хашм омада, эътироз мекунад. Нафаре, ки аз ӯ мулло Ҷамолиддин ном мебаранд, ба ӯ дарафтода, аз гиребонаш медорад ва ба тундӣ мепурсад, ки "ту кӣ ҳастӣ, ки эътироз мекунӣ?"
Ин шахс мегӯяд, "як одами оддӣ аз шаҳри Кӯлоб ҳаст ва ин ҷо меҳмонӣ омадааст, вале аз он ки ҳамагон дашном шунидаанд, нигарон аст".
Дар ҳамин лаҳза мулло Ҷамолиддин аз гиребони ӯ дошта, кӯшиш мекунад, ӯро ба хонаи дигари масҷид дарорад. Намозгузорон монеъ мешаванд ва мегӯянд, "ҳазрат ин корро накунед, Шумо хатиб ҳастед".
Он замон мулло Ҷамолиддин як дашноми дигар ба забон меораду бо баландгӯяк хитоб ба мардум мегӯяд: "Ҳамин масҷидро маҳкам накунам агар, ман зани шумо шуда бошам! Як ҳаёт дигар дар ин масҷид намоз намехонед! Бимиред ба ин рӯзатон! Наҳзатиҳову салафиҳо дар ин ҷо туп (манзур ҷамъ омадед) боз-а?"