ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Ширкати русиягии S7, ки номи расмияш "Сибир" мебошад, ният дорад, теъдоди парвозҳо ба Тоҷикистонро зиёд кунад, хабар дод котиботи матбуоти ширкат.
Ба иттилои манбаъ, айни ҳол дар масири Тоҷикистону Русия норасоии шадиди парвозҳо ҷой дорад.
"Бо мақсади бартараф кардани камбуди парвозҳо ва поён бурдани нархи чиптаҳо ширкати S7 Airlines тасмим гирифт, ки парвозҳо дар хатсайрро зиёд кунад", - таъкид карданд дар S7.
Ин дар ҳолест, ки мақомоти авиатсионии тоҷик рӯзи 18 май аз манъи парвозҳои ин ширкат дар масири Русия ва Тоҷикистон хабар доданд.
S7 бо нашри изҳорот эътироф намудааст, ки мушкилоти муайяне зимни гирифтани иҷозатномаи парвозҳо ба Тоҷикистон дорад.
"Мо ният дорем, ки ин масъалаҳоро тариқи реҷаи корӣ дар ояндаи наздик ба танзим дарорем. Дастури манъи комили парвозҳо аз мақомоти авиатсионии Тоҷикистон ворид нашудааст", - илова намуданд дар S7.
Ахиран Ожонси авиатсияи граждании Тоҷикистон парвозҳои ширкатҳои русиягии "Сибир" ва "Северный ветер" - ро манъ карда, далелашонро гаронии нархи чиптаҳояшон гуфт. Феълан мусофирони масири Тоҷикистону Русия мегӯянд, ягон ширкати анҷомдиҳандаи парвозҳо дар ин масир нархҳои қаблан эълонкардаи Ожонси гражданиро риоя накарда, нархҳоро ба маротиб қимат фурӯхта истодаанд.
Изҳороти ширкати русиягӣ аз азми поин бурдани нархҳо дар масири Тоҷикистону Русия дар ҳолест, ки ахиран раёсати Агентии авиатсияи гражданӣ гуфт, ки ширкатҳо дар ҳоли ҳозир аз ҳар парвоз то 100 ҳазор доллари амрикоӣ фоида мегиранд.
Мисол оварда шуд, ки агар як тайёра ба як парвоз 200 нафарро бо қимати миёнаи 800 доллар интиқол диҳад, адади 160 ҳазор доллар ҳосил мешавад, ки ширкат аз ин пул дар Тоҷикистону Русия 25-ҳазордолларӣ хароҷоти фурудгоҳ, 1 ҳазор доллар ҳаққи хизмати аэронавигатсия, 9 ҳазор барои харҷҳои маъмурӣ ва 20 ҳазори дигарро барои соати парвозу сӯзишворӣ пардохт мекунад. Бақия фоидаи тақрибии ширкатҳост, ки арқоми аслии фоида аз ин беш асту кам не.
Ин дар ҳолест, ки бар асоси аксу наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардидаанд, мусофирон бо нархҳои баланд чиптаро харида, рӯзҳо боз наметавонанд парвоз кунанд ва дар фурудгоҳҳо дармондаанд.