Насби истгоҳҳои ҳавосанҷ дар ҳафт минтақаи Тоҷикистон

Таҷҳизоти нав ба ҳавошиносони тоҷик имкон медиҳад, ки системаи назорати обу ҳаворо такмил диҳанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 май - Sputnik. Дар Тоҷикистон ҳафт истгоҳи метеорологии автоматӣ насб карда шуд, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати ҷумҳурӣ.
Таҷҳизоти наве, ки дар давоми як соли ахир насб карда шудаанд, системаи назорати обу ҳаворо такмил медиҳанд.
Пойгоҳҳои обуҳавошиносӣ дар минтақаҳои Варзоб, шаҳрҳои Роғун ва Турсунзода, минтақаҳои Шамсиддин Шоҳин, Данғара, Темурмалики вилояти Хатлон ва минтақаи Дарвози ВМКБ насб карда шуданд.
Тоҷикистон барои муайянсозии олудагии ҳаво ду озмоишгоҳи нав гирифт
Ба иттилои манбаъ, таҷҳизоти метеорологӣ бо маблағҳои грантӣ харида шудааст.
Ҳама истгоҳҳои автоматикии насбшуда хусусиятҳои навтарини техникӣ доранд.
Бо ёрии асбобҳо олимон метавонанд маълумотро дар бораи параметрҳои зерин муайян кунанд: суръати шамол ва самт, ҳарорати ҳаво, намӣ, фишори атмосфера, боришот, радиатсияи офтоб ва ғафсии барф.