Набарди сол дар ММА: Абдурозиқ ва Ҳасбик кистанд?

Феълан навори набарди ин ду наврас нашр нашудааст
Sputnik
Набарди тан ба тани блогери 18-солаи доғистонӣ Хасбулло Магомедов, маъруф бо тахаллуси Хасбикро блогерон аз Тоҷикистон ва Русия ташкил карданд.
Хасбик ва Абдурозиқ дар нишасти хабарие доир карданд,. Ҳарду низ иддао доранд, ки пирӯз хоҳанд шуд.
Гуфта мешавад, барои набард нафаре ки пирӯзӣ ба даст меорад, 1 миллион рубл хоҳад гирифт.
Абдурозиқ vs Хасбулла: оё рақобат доир мешавад?
Қади Хасбик 93 см ва вазнаш ҳамагӣ 18 килост. Рақиби 17-солаи ӯ Абдурозиқ 1 метр қад ва ҳамагӣ 17 кило вазн дорад.
Абдурозиқ овозхони бо вуҷуди ҷавониаш дар Тоҷикистон машҳур мебошад. Клипҳои ӯ, ки асосан дар студияи "Авлод Медиа"-и рэпсарои шинохтаи тоҷик Барон (Беҳрӯз Набиев) сабт мешаванд, дар Ютуб чандин миллион тамошобин ҷамъ меоранд.