Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия

Манижа гуфт, Роттердам чӣ гуна ӯро пешвоз гирифт - навор

Манижа гуфт, бинобар пандемияи коронавирус дар Нидерланд чораҳои ҷиддии беҳдоштӣ ҷорист ва аз ин рӯ бештари вақтро дар меҳмонхона мегузаронанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 май – Sputnik. Манижа Сангин, намояндаи Русия дар Евровидение - 2021, эҳсосоти худро аз иштирок дар ҷашнвораи мусиқии Евровидение - 2021 дар барномаи "Вечерний Ургант" нақл кард.
Овозхон ба ровии ин барнома аз пешвоз гирифтани ӯву тимаш дар Роттердам ва ба чӣ кор машғул будашанро қисса кард.
"Ҳамааш хуб аст, вале мо дар меҳмонхона қарор дорем", - бо каме ноумедӣ изҳор дошт Манижа.
Вай инчунин гуфт, ки бинобар пандемияи коронавирус ба иштирокчиёни ин ҷашнвора ҳаққи гашту гузор дар шаҳр ва ҳамчунин тамос гирифтан бо ҳамдигар иҷозат нест.
Аз ин рӯ, овозхон гуфт бештари вақтро дар меҳмонхона мегузорад ва ҳамроҳи тимаш ба варзиш машғул ҳастанд.
Намояндаи Русия дар ин озмун ҳамчунин ба ҳунари фавқулодаи дигар иштирокчиён таъкид намуда гуфт, ҳамаи онҳо тӯли ду сол ин озмунро интизор буданд.
Зимнан, Манижа аз пурра омода будани суруди худ гуфт ва ёдовар шуд, ки рӯи саҳна бо пироҳани калони чархдор мебарояд.

Манижа дар Евровидение - 2021

Русияро дар Евровидение - 2021 зодаи Тоҷикистон Манижа Сангин намояндагӣ мекунад.
Дар озмуни мазкур дар Роттердам, Манижа суруди "Зани рус" -ро иҷро мекунад. Ин ҷашнвора аз 18 то 22 май давом меёбад.