ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Манижа, намояндаи Русия дар Евровидение 2021, ки шоми 18 май дар саҳна ҳунарнамоӣ мекунад, назарашро дар мавриди рақибонаш баён дошт.
Овозхон аз Русия чанде аз иштирокдорони озмуни имсолаи байналмилалии Евровидениеро ном бурд, ки писандаш мебошанд.
“Аз ҳама беш ба ман Литва писанд аст. Ман хеле зиёд бачаҳо аз Шветсияро хуш дорам”, - изҳор дошт овозхони зодаи Тоҷикистон.
Дар идома овозхон намояндагон аз Украина ва Молдоваро қайд карда, дар маҷмуъ таъкид намудааст, ки имсол ҳамаи иштирокдорон хубу тавоно мебошанд.
Аз Русия дар озмуни мазкур дар Роттердам, Манижа суруди "Зани рус" -ро иҷро мекунад. Озмуни Евровидение 2021 дар Роттердами Ҳолланд аз 18 то 22 май баргузор мешавад.
Дар ин озмун аз ҷумла Русия ширкат хоҳанд кард. Кишварро дар Евровидение 2021 овозхони тоҷиктабор Манижа бо суруди Russian Woman муаррифӣ мекунад.
Ҳарчанд ин тарона мавриди истиқболи гарми кишварҳои Аврупо гардид, аммо дар Федератсияи Русия бархе онро таҳқири тамоми занони рус номиданд.
Манижа қаблан дар мавриди имкониятҳояш дар ин озмун изҳор дошт, ки “аниқ медонам, ки финал маро интизор аст. Аммо кадом ҷой танҳо аз эътимоди ботинии ман ва эътимоде, ки ман шунида шудам, вобаста аст”.
Ӯ мегӯяд, махсусан дар ин озмун мехоҳад, ки ӯро шунаванд.