Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия

Иқрори Манижа: ӯ гуфт, ки бадбинонаш дӯсташ доштанд

Манижа Сангин мегӯяд, ки ба ҳунарнамоӣ пурра омода аст ва куртаи калоне, ки мепӯшад, кӯмакаш мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 май – Sputnik. Манижа Сангин овозхони тоҷиктабори Русия, ки имсол кишварро дар Евровидение-2021 муаррифӣ мекунад, гуфт, ки бадбинонаш камтар шуданд.
Ӯ дар барномаи "Вечерний Ургант"-и шабакаи аввали Русия дар ин бора изҳори назар кардааст.
"Ба шумо, Иван сипос, ки маро хело дастгирӣ кардед. Ман ҳамаи шӯхиҳоятонро дар ёд дорам. Онҳо ба нафароне равона мегардиданд, ки маро дӯст намедоштанд ва дар анҷом писандиданд", - таъкид мекунад овозхони тоҷиктабор.
Манижа Сангин
Овозхон
Овозхон ҳамчунин ба ровии ин барнома аз пешвоз гирифтани ӯву тимаш дар Роттердам ва ба чӣ кор машғул будашанро қисса кард.
"Ҳамааш хуб аст, вале мо дар меҳмонхона қарор дорем", - бо каме ноумедӣ изҳор дошт Манижа.
Вай инчунин гуфт, ки бинобар пандемияи коронавирус ба иштирокчиёни ин ҷашнвора ҳаққи гашту гузор дар шаҳр ва ҳамчунин тамос гирифтан бо ҳамдигар иҷозат нест.
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Клипи Манижа барои Евровидение - 2021 рекорд гузошт
Аз ин рӯ, овозхон гуфт, бештари вақтро дар меҳмонхона мегузорад ва ҳамроҳи тимаш ба варзиш машғул ҳастанд.
Намояндаи Русия дар ин озмун ҳамчунин ба ҳунари фавқулодаи дигар иштирокчиён таъкид намуда гуфт, ҳамаи онҳо тӯли ду сол ин озмунро интизор буданд.
Зимнан, Манижа аз пурра омода будани суруди худ гуфт ва ёдовар шуд, ки рӯи саҳна бо пироҳани калони чархдор мебарояд, ки ба вай дар нигоҳ доштани масофаи иҷтимоӣ кӯмак мекунад.

Манижа дар Евровидение - 2021

Русияро дар Евровидение - 2021 зодаи Тоҷикистон Манижа Сангин намояндагӣ мекунад.Дар озмуни мазкур дар Роттердам, Манижа суруди "Зани рус" -ро иҷро мекунад. Ин ҷашнвора аз 18 то 22 май давом меёбад.