Донишгоҳи Кӯлоб барои як сокини аз сел зарардида, манзил месозад

Дар баробари сохтани манзили истиқоматӣ, донишгоҳи мазкур соҳибхонаро бо тамоми ҷиҳози зарурӣ таъмин мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 май – Sputnik. Донишгоҳи давлатии Кӯлоб иқдоми хайрхоҳонаеро пеш гирифтааст. Ин донишгоҳ ба яке аз сокинони Кӯлоб, ки дар натиҷаи фаромадани сел бе хонаву дар монд, манзили истиқоматӣ бунёд мекунад, хабар медиҳад агентии "Ховар".
Бар хабари манбаъ, роҳбарият ва устодони донишгоҳ аллакай ба лоиҳаи манзили истиқоматӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати тасдиқ гардидааст, шинос шудаанд ва дар кӯчаи Даминзодаи шаҳри мазкур ба як оилаи зарардида хона бунёд мекунанд.
Як рама гӯсфанд ба об рафт: мудҳиштарин лаҳзаҳои сел дар Кӯлоб - навор
Гуфта мешавад, дар баробари бунёди манзили истиқоматӣ, донишгоҳи мазкур ҳамчунин соҳибхонаро бо тамоми ҷиҳози зарурӣ таъмин мекунад.
Ба ҳамин минвол аз ҳисоби омӯзгорон ва кормандони донишгоҳи мазкур 15 гурӯҳҳои ёрирасон ташкил дода шуданд, ки рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар пок кардан ва ба тартиб даровардани хонаву ҳавлиҳои осебдидагон ёрии амалӣ мерасонанд.
Ёдовар мешавем, ки 11 май дар натиҷаи омадани сел 3 нафар сокини шаҳри Кӯлоб ба ҳалокат расида, даҳҳо хонаҳои истиқоматии сокинон, садҳо метр роҳҳои мошингарди маҳаллӣ, роҳи автомобилгарди маркази шаҳр, иншооти маданию маишӣ ва хизматрасонӣ, 4 пули мошингузар ва чорвои шаҳрвандон талаф ёфтанд.