ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Ноҳияҳои Тоҷикобод, Лахш, Сангвор, Рашт ва Нуробод ба зарардидагон аз офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб кумаки башардӯстона фиристоданд, хабар медиҳад агентии "Ховар".
Ба иттилои манбаъ, кумакҳои воридгардида аз маводи хӯрокӣ, либос, пойафзол, рахти хоб ва масолеҳи сохтмонӣ иборат буда, зиёда аз 40 тоннаро дар бар мегиранд.
Гуфта мешавад, ҳамарӯза ба сокинони аз офати табиӣ зарардида аз вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ кумак расонида мешавад.
Қаблан аз Суғду Бадахшон низ ба сокинони шаҳри Кӯлоб кумакҳо расонида шуданд.
Манбаъ меафзояд, ҳоло баҳри бартараф намудани офати табиӣ масъулини Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании шаҳри Кӯлоб, идораи беҳдошти замин ва обёрӣ ва Муассисаи давлатии роҳҳои автомобилгарди шаҳри Кӯлоб корҳои барқарорсозиро идома дода, каналу ҷӯйборҳоро аз оби лойқа тоза намуда истодаанд.
Ёдовар мешавем, ки 11 май дар натиҷаи омадани сел 3 нафар сокини шаҳри Кӯлоб ба ҳалокат расида, даҳҳо хонаҳои истиқоматии сокинон, садҳо метр роҳҳои мошингарди маҳаллӣ, роҳи автомобилгарди маркази шаҳр, иншооти маданию маишӣ ва хизматрасонӣ, 4 пули мошингузар ва чорвои шаҳрвандон талаф ёфтанд.