Тоҷикон ба Русия камтар меоянд

Аз миёни даҳ кишваре, ки шаҳрвандонашон бештар ба Русия ташриф меоранд, Тоҷикистон дар ҷои шашум аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 май - Sputnik. Дар семоҳаи аввали соли 2021, 1 миллиону 83 ҳазор шаҳрвандони хориҷӣ ба Русия ташриф оварданд. Чунин маълумот дар омори Хадамоти сарҳадии ФСБ Федератсияи Русия оварда шудааст.
Манбаъ иттилоъ дод, ки дар давраи муқарраршуда ба кишвар 13,35 ҳазор нафар бо мақсади сайёҳӣ омадаанд. Ҳамин тариқ, шумораи умумии хориҷиёни ташрифоварда аз моҳи январ то март нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 ҳудуди 66% камтар аст.
Шумораи шаҳрвандони дигар кишварҳое, ки бо мақсади туризм ба Русия ташриф овардаанд, 95% коҳиш ёфт.
Хадамоти марзбонии ФСБ-и Федератсияи Русия рӯшан кард, ки дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ шумораи мусофирон аз 322,8 ҳазор то ба 13,35 коҳиш ёфтааст.
Нигаронии Расулзода аз кам шудани сармоягузориҳои мустақими Русия ба Тоҷикистон
Тибқи омори Хадамоти марзбонӣ, ҷои аввалро сокинони Украина ишғол мекунанд. Дар семоҳаи аввали соли 2021 786,4 ҳазор шаҳрвандон аз ин кишвар ба Федератсияи Русия ташриф оварданд.Ба 5 гурӯҳи аввал инчунин Қазоқистон - 239 ҳазору 84 нафар, Абхазистон - 138,90, Қирғизистон - 128,30 ва Арманистон - 86 ҳазору 90 нафар шомиланд.
Тоҷикистон дар феҳрати кишварҳое, ки шаҳрвандонашон ба Русия ташриф меоранд, дар ҷойи шашум қарор дорад. Пас аз Тоҷикистон, Туркия, Филиппин, Озарбойҷон ва Беларус қарор гирифтанд.
Бо мақсади туризм, аксар вақт ба Русия шаҳрвандони Туркия, Куба, Сербия, Аморати Муттаҳидаи Араб ва дигар давлатҳо ташриф меоварданд.