“Русмостранс”-и Русия ба зарардидагони Кӯлоб кумак равон кард

Соҳибкорони ширкати “Русмостранс”-и Русия ба зарардидагони офати табиии шаҳри Кӯлоб кумак намуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 май – Sputnik. Мақомоти шаҳри Кӯлоб иттилоъ додааст, ки чанд рӯзи ахир ба сокинони аз офатҳои табиӣ зарардида корвони кумакҳои башардӯстона аз шаҳру ноҳияҳои мухталифи кишвар ба шаҳри Кӯлоб равон карда шуд.
Ширкати “Русмостранс”-и Русия ба зарардидагони офати табиии шаҳри Кӯлоб 20 тонна орд, 2 тонна равған ва 2 тонна кумак равон кардааст.
Ҳамзамон 16 май аз тарафи Кумитаи андози назди Тоҷикистон ба мардуми аз офати табиӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб 33 тонна арматур, 40 тонна семент, 10 тонна орд, 2 тонна шакар, 2 тонна равған, 1 тонна макарон, 50 кӯб тахта, 2 тонна сим, 500 дона гипсакартон, 500 дона картони навъи ДВП кумак расонида шуд.
Эмомалӣ Раҳмон ба зарардидагони сел дар Вахш кумак кард: раисиҷумҳур чӣ фиристод? - видео
Чанде пеш аз ҷониби раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ корвони кумакҳо барои оилаҳои аз офати табиӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб расонида шуд.
Ёдовар мешавем, ки 11 май дар натиҷаи омадани сел 3 нафар сокини шаҳри Кӯлоб ба ҳалокат расида, даҳҳо хонаҳои истиқоматии сокинон, садҳо метр роҳҳои мошингарди маҳаллӣ, роҳи автомобилгарди маркази шаҳр, иншооти маданию маишӣ ва хизматрасонӣ, 4 пули мошингузар ва чорвои шаҳрвандон талаф ёфтанд.
Корҳои барқарорсозӣ дар ин самт идома дошта, кормандону донишҷӯёни ташкилоту муассисаҳо, донишгоҳу коллеҷҳо дар бартараф сохтани офати табиӣ саҳм гузошта истодаанд.