Раҳмон кишвардори Қазоқистонро самимона табрик кард

Кишвардори Қазоқистон Қосим - Ҷомарт Токаев 17 май 68 - сола шуд. Ба ин муносибат раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ӯро дар тамоси телефонӣ самимона шодбош гуфт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои қазоқи худ Қосим - Ҷомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом дод.
Бар хабари котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон барои муборакбодӣ намудани ҳамтои худ бо 68 - умин соли умр, бо ӯ тамос гирифт ва самимона табрик намуд.
Соҳибкорони қазоқ ба Тоҷикистон меоянд
Гуфта мешавад, роҳбари давлат фаъолияти бисёрсолаи самарабахши Токаевро, ки боиси эҳтироми баланд ва обрӯву эътибори шоистаи ӯ гардидааст, бахусус қайд кард.
Илова бар ин, ҷонибҳо атрофи рӯзномаи музокироти қарибулвуқӯи сатҳи олии ҷонибҳо дар шаҳри Душанбе ибрози ақида намуданд.
Изҳори умед карда шуд, ки натиҷаҳои сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон ба Тоҷикистон омили густариши минбаъда ва тавсеаи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи ду кишвари ба ҳам бародарро ташкил хоҳанд дод.
Ёдовар мешавем, ки Қосим - Ҷомарт Тоқаев рӯзҳои 19-20 май ба Тоҷикистон ташрифи расмӣ меорад.