ДУШАНБЕ, 17 май - Sputnik. Ҳафтаи гузашта дар YouTube канали Евровидение видеои тамрини сарояндаи зодаи тоҷик Манижа Сангин, ки Русияро бо суруди Russian Woman муаррифӣ мекунад, нашр шуд.
Дар зери ин навор корбарон шарҳҳои зиёд кориданд, ки ҷолибтаринашро Sputnik Тоҷикистон ҷамъоварӣ намуд.
"Евровидение бояд чунин бошад. Ин як суруди асил, пешгӯинашаванда аст, ки дар он фарҳанги Русия хеле зиёд аст (ҳам дар мусиқӣ ва ҳам дар матн), ки бо садоҳо ва мавзӯъҳои муосир омезиш ёфтааст", - навиштааст Слободан Думнич дар зери видео.
Корбари дигар навиштаааст, ки ин суруд на танҳо дар бораи занони рус, балки дар васфи занони тамоми дунё мебошад.
"Боварӣ дорам, ки Русия дар финал ҷои намоёнро ишғол мекунад, зеро бо чунин намояндае, ба мисли Манижа, финал кафолат дода мешавад", - навиштааст Мика Норе.
Ғайр аз он, бисёр корбарони YouTube қайд мекунанд, ки суруди Russian Woman тавонист намояндагони кишварҳои гуногунро муттаҳид кунад.
"Ин хеле эпикӣ аст! Шояд овози ман дар финал бошад! Бо муҳаббати беандоза аз Юнон" навиштааст Константинос Палумбис.
Баъзе мухлисони озмун овозхони русро "аспи тираи Евровидение" меноманд, ки қаблан пирӯзияш дар озмунҳо ҳатто дар гумонҳо набуд.
Баъзе корбарон қайд намудаанд, ки гарчанде ин суруд ба онҳо аслан писанд нест, аммо он бисёр таъсирбахш аст.
Як корбар аз Булғористон навиштааст, ки суруди Манижа касро ҳам ба рақсу ҳам ба гиря кардан водор мекунад.
"Ҳама Манижаро сиёҳ мекарданд, аммо ӯ ҷойи аввалро ишғол мекунад. Ман бисёр мехоҳам бубинам, ки ВАО пас аз ғолибият ба даст овардани Манижа дар бораи ӯ чӣ менависанд", - суол гузоштааст Евгения Светкова.
Қариб ҳамаи корбарони хориҷӣ агар маънои матнро сарфаҳм нараванд ҳам, энергияи бениҳоят қавии сурудро қайд мекунанд.
"Ин аз суруд бештар аст, ин як навъ санъат аст! Ин қадар маънои воло, ин қадар фарҳанги бузурги рус!", - навиштаанд корбарон зери навори тамрини Манижа.
Ёдовар мешавем, ҷашнвори мусиқии Евровидение - 2021 имрӯз оғоз ёфт. Дар ин озмун 34 ҳунарманд сабқат мекунанд ва исми ғолиби ҷашнвора рӯзи 22 май эълон хоҳад шуд.