Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия

Манижа бо чапон омад: аксҳо аз оғози Евровидение ва либоси ҷаззоби иштирокчиён

Ҷашнвораи мусиқии "Евровидение - 2021" дар Нидерланд оғоз ёфт ва 34 ҳунарманд, аз ҷумла намояндаи Русия, Манижа Сангин байни ҳам "қувва" меозмоянд
Sputnik
Евровидение - 2021 дар Нидерланд ҳамакнун оғоз ёфт. Ин кишвар ҳаққи баргузор кардани 65 - умин мусобиқаи мазкурро пас аз он ба даст овард, ки намояндаи ин давлат Дункан Лоуренс дар соли 2019 бо суруди Arcade ғолиби Евровидение гардид.
Соли гузашта бинобар пандемия баргузории Евровидение мамнӯъ карда шуд. Имсол бошад, ташкилкунандагони мусобиқаи мазкур тасмим гирифтанд, ки анъанаи баргузории мусобиқаро идома диҳанд.