ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти ин ниҳод, ҳолол дар минтақа Ситоди фаврӣ таҳти сарпарастии ҷонишини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон Сулаймон Исозода шабонарӯз фаъолият мекунад.
Таъкид шудааст, ки санаи 17-уми май намояндагони ситод бори дигар аз хонаҳое, хабар гирифтанд, ки эҳтимолан барои зиндагӣ дар оянда хатар доранд.
“Барои роҳандозии корҳои бартарафсозии оқибатҳои сел ва расонидани ёрии амалӣ ба сокинон 15 нафар афсарони Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон ва се мошини махсус сафарбар карда шудаанд”, - қайд кардааст манбаъ.
Манбаъ хабар додааст, ки танҳо зарфи як шабонарӯзи гузашта 40 нафар хизматчиёни ҳарбии қисми низомии КҲФ дар қаламрави ноҳияи Вахш бо истифода аз ду мошин 9 хонаро аз лойу лойоба тоза намуданд.
Қайд шудааст, ки амнияти бошандагони шаҳраки хайманишинонро 15 нафар кормандони милитсияи ноҳияии Вахш таъмин менамоянд.
Инчунин Ситод хабар додааст, ки санаи 16 майи соли равон дар деҳаи Иттифоқи ҷамоати деҳоти “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” – и ноҳияи Вахш, ки аз сел зарар дида буд, ташкилоти “Собир Сам” барои таъмири роҳҳои байни деҳаҳо техникаҳои лозимаро ҷудо кардааст.
Ғайр аз ин муассисаи давлатии роҳҳои мошингарди ноҳияҳои Бохтар барои таъмири роҳҳои байни деҳаҳои ноҳия техникаҳои заруриро ҷудо кард.
Ба иттилои КҲФ, то ба имрӯз дар маҷмуъ 760 метр роҳи вайрондушдаи деҳот асфалтпӯш карда шудааст.
"Аз рӯзи аввали оғози бартарафсозии паёмадҳои ҳолатҳои фавқулодда то 17-уми май 1900 метр роҳ дар минтақаҳои офатзада мумфарш карда шудааст", - иттилоъ додааст КҲФ.
Манбаъ қайд кардааст, ки ҳоло бо ҷалби 2 адад автокран, 1 мехлопата ва 2 экскаватор дар ҷамоати деҳоти Машъали ноҳияи Вахш 500 метр канал пок карда шуд.
“Дар қаламрави деҳаи Иттифоқи ҷамаоати деҳоти “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” техникаҳо ба тозакунии 4000 метр канали Қумсангир ва 300 метр селроҳа муваффақ шуданд”, - таъкид доштааст манбаъ
КҲФ таъкид доштааст, ки ба аҳолии зарардида ҳамарӯза маводҳои ғизоӣ кумак карда мешавад, мақомот низ хӯроки гарм барояшон ташкил кардаанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ҳамбастагӣ бо як қатор созмонҳои байналмилалӣ ба осебдидагон ҳам маводи ғизоӣ ва ҳам ашёи ниёзи аввал кумак намуданд.
Хабар дода шудааст, ки корҳои баратафсозии паёмадҳои офатҳои табиӣ идома доранд.