ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Кормандони милиса марди 41 - соларо боздошт намуданд, ки дар қатли сокини 47 - солаи шаҳри Душанбе муттаҳам дониста мешавад.
Бар хабари котиботи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, номбурда рӯзи 15 май, тахминан соати 17:00 дар кӯчаи Шерализодаи пойтахт, назди маркази савдои "Сафариён" бо марди 47 - сола ҷангу ҷанҷол карда, ӯро лату кӯб намудааст.
Гуфта мешавад, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.
Манбаъ меафзояд, марди муттаҳам сокини Душанбе буда, қаблан барои содир намудани чандин ҷиноят суд шудааст.
"Номбурда 2 маротиба бо моддаи 244 (Дуздӣ) ва 1 маротиба бо моддаи 249 (Роҳзанӣ) суд шуда буд", - таъкид мешавад дар хабар.
Инчунин барои қасдан несту нобуд кардани молу мулк низ ҷазо гирифта буд.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, феълан аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.