ДУШАНБЕ, 17 май – Sputnik. Вазорати беҳдошти Фаластин эълом кард, ки теъдоди кушташудаҳо дар Ғазза ба 197 нафар афзоиш ёфтааст, ки дар миёни онҳо 58 кӯдак ва 34 зан мебошад. Манбаъ теъдоди маҷрӯҳон дар навори Ғаззаро 1235 нафар арзёбӣ кард, хабар дод радиои тоҷикии Садои Хуросон.
Вазорати беҳдошти Фаластин ҳамчунин теъдоди кушташудаҳои Каронаи Бохтарӣ ва Қудсро 21 нафар ва теъдоди маҷрӯҳони онро ҳам беш аз 4369 нафар эълом кард.
Бар асоси ин гузориш, Исроил то кунун 90 сохтмон, аз ҷумла се бурҷи маскуниро дар Ғазза тахриб кардааст.
Даргирӣ миёни Фаластин ва Исроил аз душанбеи ҳафтаи гузашта ва пас аз поёни муҳлати муқовимати Фаластин ба Тел-Авив мабнӣ бар лузуми поёни таҷовузоти Исроил дар Қудс ва Масҷид-ул-Ақсо оғоз шудааст.
Мақомоти Фаластин дар посух ба ҳамалоти Исроил, шаҳракҳо ва фурудгоҳҳои Исроилро мушакборон кард, ки дар ин ҳамалот 10 нафар яҳудиён ба ҳалокат расидаанд ва даҳҳо нафари дигар захмӣ шуданд.