ДУШАНБЕ, 16 май - Sputnik. Суруди Russian Woman ("Зани рус"), ки онро намояндаи Русия Манижа дар Eurovision Song Contest 2021 иҷро хоҳад кард, ба иштирокчиёни озмун писанд омадааст.
Ҳамин тавр, ҳунарманди хорватӣ Албина қайд кардааст, ки омода аст ба сарояндаи Русия баландтарин холро диҳад.
Ӯ афзудааст, ки Манижаро меписандад ва ба самимият, мустақилият ва нерӯи ӯ арҷ мегузорад.
"Суруди ӯ паёми олие дорад - дар ин замина хеле муҳим аст:" Ҳар як зани рус бояд донад, "шумо тавоноед, ки деворро бишканед ", - таъкид кард Албина.
Манижаро инчунин намояндаи Австралия дар Eurovision - 2021 Монтен дастгирӣ кард.
Вай изҳор дошт, ки овозхони русро меписандад.
Монтен низ Манижаро сазовори баландтарин хол дар Евровидение-2021 медонад.
"Ин як интихоби душвор аст, зеро намояндаи Исландия низ арзанда аст, аммо имсол ман ба Манижа аз Русия овоз хоҳам дод" - гуфт вай.
Ёдовар мешавем, ки шумораи максималии холҳое, ки иштирокчиёни Eurovision метавонанд ба даст оранд 12 хол мебошад.
Тоҷикдухтар дар Евровидение - 2021
Манижа Сангин овозхони тоҷиктабори Русия мебошад, ки бо суруди Russian Woman дар давраи интихоби миллӣ намояндаи кишвар дар Евровидение интихоб шуд.
Интихоби намоянда аз Русия тариқи раъйдиҳӣ зимни пахши мустақим тариқи шабакаи аввали телевизион рӯзи 8 март сурат гирифт.
Аммо, на ҳама номзадии Манижаро ба ҳайси намояндаи Русия дар Евровидение дастгирӣ карданд.
Ҳамин тавр, интихоби сароянда ва суруд ҳам аз ҷониби сиёсатмадорон ва ҳам бисёри мунаққидон ва продюссерҳо зери интиқод қарор гирифт.
Соли 2021 озмуни Евровидение дар Нидерланд баргузор мешавад. Озмунро аз 18 то 22 май Ротердам мизбонӣ менамояд.
Пеш аз эълони натиҷаҳои интихоби миллӣ, букмекерҳои байналмилалӣ ҷойгоҳи 3-ро барои Русия пешгӯӣ мекарданд. Пас аз тасвиби Манижа ва муаррифии суруд, имкони пирӯзии кишвар дар озмун коҳиш ёфт - дар тӯли як рӯз мавқеъ ба 10-ум иваз шуд.
Дар портали Change.org муроҷиатномае пайдо шуд, ки дар он талаб мешавад, то зодаи Тоҷикистон аз ширкат дар озмун маҳрум карда шавад.
Ғайр аз он, ба Кумитаи тафтишотии Русия бо дархости санҷиши таркиби суруд дар заминаи экстремизм дархост расид.
Сарфи назар аз он, ки видеои суруди Манижа "Russian Woman барои Eurovision - 2021" беш аз 9 миллион тамошобин пайдо кардааст, букмекерҳо ин барномаро номуваффақ меҳисобанд. Ҳамроҳи Манижа суруди "Зани рус" - ро чор бэк-овозхон - ду мард ва ду зан месароянд.
Даври нимниҳоӣ ва финали озмуни Евровидение - 2021 ҳафтаи оянда аз 18 то 22 май идома мекунад.