Сокини Чоркӯҳ ва 72-сола: як узви ҲНИТ аз зиндон озод шуд

Як узви Ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ дар Исфара баъди адои мӯҳлати ҷазо аз зиндон раҳо шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Бобоҳидо Ҳайдарови 72 сола Масъули собиқи созмони Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон дар деҳаи Чоркуҳи ноҳияи Исфара аз зиндон озод шуд.
Ӯ пас аз адои мӯҳлати ҷазо аз маҳкама раҳо ёфтааст.
Ятимов ба мансабдорони аврупоӣ аз ҲНИТ шикоят кард
Дар ин бора Парс тудей дар истинод ба радиои тоҷикии Садои Хуросон хабар медиҳад.
Бобоҳидо Ҳайдарови 72 сола дар соли 2015 ба иттиҳоми ончӣ ки ҳамкории Ҳизби наҳзати исломӣ бо шӯриши генерал Абдулҳалим Назарзода хонда шуд, боздошт ва ба 6 сол зиндон маҳкум шуд .
Пас аз ин ҳодиса теъдоди зиёде аз мақомот ва аъзои ин ҳизб боздошт ва ба иттиҳоми иртибот бо тероризм ва талош барои барандозии низоми сиёсии ҳоким дар Тоҷикистон ба зиндонҳои тӯлонимуддат маҳкум шуданд .