БИШКЕК, 15 май - Sputnik. Дар натиҷаи даргириҳои байни исроилиён ва фаластиниҳо дар чор рӯзи охир 34 кӯдак дар навори Ғазза ва ду кӯдак дар Исроил ҳалок шуданд, менависад РИА Новости бо истинод ба намояндаи ЮНИСЕФ дар Ховари Миёна ва Африқои Шимолӣ Ҷулиет Тума.
"Тибқи гузоришҳое, ки ба ЮНИСЕФ расидааст, аз 10 май дар Навори Ғазза 34 кӯдак кушта шудааст. Ҳамин тариқ, танҳо дар чор рӯзи охир 34 кӯдаки фаластинӣ кушта шуданд, ки ин шумораи хеле зиёд аст. Ҳамчунин ду кӯдак дар Исроил фавтиданд",- Гуфт Тума.
Вазъ дар марзи Исроил ва Навори Ғаззаи Фаластин шоми 10 май шадидтар шуд. Артиши Исроил мегӯяд, аз навори Ғаза ба қаламрави Исроил аз оғози ташаннуҷи шоми ҷумъа тақрибан 2000 мушак партоб шудааст, ки тақрибан 350 партоби он номуваффақ будааст.
Тибқи маълумоти охирин, дар кишвар ҳафт ғайринизомӣ ва як сарбоз кушта шуданд.
Артиши Исроил низ дар навори Ғазза садҳо зарба зад.
Тибқи маълумоти Вазорати тандурустии Фаластин, 126 фаластинӣ қурбони тирборони Исроил шуданд, зиёда аз 950 нафар маҷрӯҳ шуданд.
ЮНИСЕФ ташкилоти пешбари Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳифз ва рушди кӯдакон мебошад.
Аз ҷумлаи самтҳои асосии фаъолияти хазина, ҳифзи саломатии модарон ва кӯдакон, таъмини рушди кӯдакон дар синни хурдсолӣ, ғизои кӯдакон, таҳсилот, қонеъ кардани ниёзҳои модарон ва кӯдакон дар ҳолатҳои фавқулода мебошад.