Зодрӯзи Боқӣ Раҳимзода ва Аловуддин Абдуллоев: рӯзи 15 май дар таърих

Рӯзи понздаҳуми май Рӯзи ҷаҳонии оила ва Рӯзи ҷаҳонии иқлим мебошад. Соли 1930 дар ин рӯз киностудияи "Тоҷикфилм" таъсис дода шуд
Sputnik

Рӯзи 15 май дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1945 радиои Маскав маълумоти ахири фаврии Совинформбюроро пешниҳод кард.
Соли 1958 дар Иттиҳоди Шӯравӣ сеюмин радифи маснӯии Замин ба кайҳон бароварда шуд.

Рӯзи 15 май дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1930 таъсиси киностудияи "Тоҷикфилм".
Соли 1956 таъсиси Ҷамъияти шикорчиёни Тоҷикистон.
Соли 1992 барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Италия.
Соли 2003 дар Тоҷикистон Консерваторияи миллӣ таъсис дода шуд.
Иди Рамазон муборак! рӯзи 13 май дар таърих
Соли 2009 агрегати охирини чоруми нерӯгоҳи "Сангтӯда-1" мавриди истифода қарор гирифт.
Соли 2012 аввалин маротиба дар Тоҷикистон китоби Қуръони азимушшаън аз сӯи Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон бо хати брайлӣ барои нобиноён ба чоп расид.
Соли 2013 сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Фаррух Шарипов бо роҳбари Гурӯҳи ширкатҳои "Akbulut Grubu" Алӣ Акбулут масоили ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, лоиҳаҳо ва фазои сармоягузории Тоҷикистон, инчунин кушодани корхонаҳои муштаракро матраҳ намуданд.
Соли 2013 Эмомалӣ Раҳмон узви Комиссияи байналмилалӣ бар зидди ҳукми қатл, собиқ Президенти Конфедератсияи Швейтсария хонум Рут Дрейфусро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории байналмилалии Тоҷикистон доир ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва пешгирӣ аз таъйин ва татбиқи ҳукми қатл баррасӣ шуд.
Рӯзи шашмақом: 12 май дар таърих
Соли 2014 дар шаҳри Душанбе масъалаи рушди ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.
Соли 2015 Президент Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоии бевосита бо ҷараёни сохтмони қитъаи Ваҳдат-Ёвони роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа ба ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Ёвон сафар кард.
Соли 2016 Созишнома байни Тоҷикистон ва Давлати Кувайт оид ба ҳамкории амниятӣ ба имзо расид.
Соли 2017 Тоҷикистон ва Италия масоили рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд.
Соли 2018 аввалин автобусҳои шаҳри Тошканди Ӯзбекистон вориди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд гардиданд.
Соли 2018 Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Белорус Александр Лукашенко дар ифтитоҳи Намоишгоҳи молу маҳсулоти Ҷумҳурии Беларус дар Тоҷикистон ширкат карданд.

Ҷашнҳои рӯзи 15 май

Рӯзи ҷаҳонии оила.
Рӯзи ҷаҳонии иқлим.

Рӯзи 15 май дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1908 олими забоншинос, профессори Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон Ҳилол Каримов.
Соли 1909-1993 актёри театр, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ҳоҷиқул Раҳматуллоев.
Соли 1910-1980 шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Боқӣ Раҳимзода.
Соли 1928-2010 адабиётшинос Камол Айнӣ, писари асосгузори адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ.
Соли 1932-2004 шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Убайд Раҷаб.
Соли 1935 доктори илмҳои омӯзгорӣ, профессор, президенти Академияи илмҳои омӯзгории ҶТ Маҳмадқул Лутфуллоев (муаллифи алифбои тоҷик аз соли 1995).
Соли 1938 нависанда Ҳикмат Раҳмат.
Соли 1959 олим Шамсиддин Зардиев.
Соли 1965 арбоби фарҳанги Тоҷикистон Аловуддин Абдуллоев.
Соли 1981 муовини сардабири рӯзномаи "Садом мардум" Далер Мерганов.