Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Навори таърихӣ: Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми имзои созишнома дар Бишкек - видео

Рӯзи 14 майи соли 1997 дар Бишкек Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари Иттиҳоди мухолифини тоҷик Саид Абдулло Нурӣ санадеро оид ба хотима додан ба ҷанги шаҳрвандӣ, имзо карданд
Sputnik
Дар ин рӯз, Раҳмон ва Нурӣ протокол "Дар бораи масъалаҳои сиёсӣ" -ро имзо карданд. Наворҳои нодири ин видеои таърихиро Sputnik Қирғизистон нашр кардааст.
Зимни суханронӣ дар музокирот Эмомалӣ Раҳмон ба Аскар Акаев ва инчунин ба тамоми халқи бародари Қирғизистон барои имконияти дар Бишкек баргузор намудани ин мулоқоти муҳим, изҳори сипос кард.
Раҳбари Тоҷикистон қайд кард, ки ду халқи бародарро на танҳо умумияти анъанавӣ, балки робитаҳои фарҳангию маънавии чандинасра, ба ҳам мепайванданд.
“Сиёсат чиркинтарин кор”: хотираҳои Маҳкамов аз баҳманмоҳ, истеъфо ва гила аз ҳамсафон
"Ин роҳбарияти Қирғизистон буд, ки ҳанӯз дар соли 1992 ба ҳалли мушкилоти Тоҷикистон таваҷҷӯҳ зоҳир кард ва нахустин шуда, ҳайати ҳифзи сулҳро ба Тоҷикистон фиристод", - гуфт Раҳмон.
Ёдовар мешавем, ки ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аз соли 1992 то 1997 идома кард.
Дар давоми ҷанг, зиёда аз 60 ҳазор нафар ҳалок гардида, шумораи зиёди одамон бедарак шуданд.
Тақрибан ҳамин теъдод ба Афғонистони ҳамсоя гурехтанд. Наздики 200 ҳазор маҷбур шуданд, ки Тоҷикистонро тарк намуда, ба кишварҳои ИДМ кӯч банданд.
Дар маҷмӯъ, аз моҳи апрели соли 1994 то моҳи майи соли 1997, таҳти сарпарастии СММ ҳашт даври музокирот гузаронида шуд. Созишномаи ниҳоии сулҳ байни ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди мухолифини тоҷик дар шаҳри Маскав 27 июни соли 1997 ба имзо расид.