ДУШАНБЕ, 15 май— Sputnik. Бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон корвони мошинҳои масолеҳи сохтмонӣ ба мардуми зарардида аз офати табиии деҳаи "Ииттифоқ"-и Ҷамоати деҳоти "20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон"-и ноҳияи Вахш дастрас карда шудааст.
Дар ин бора Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар медиҳад.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ки дирӯз мулоқоти муовини якуми сарвазир Давлаталӣ Саид ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо зарардидагон аз офати табиӣ дар деҳаи "Иттифоқ"-и ноҳияи Вахш сурат гирифтааст.
Раиси вилояти Хатлон аснои мулоқот бо сокинон гуфтааст, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ шаҳрчаи нави замонавӣ бунёд мегардад.
Манбаъ мегӯяд, имрӯзҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар ба сокинони аз офатҳои табиӣ зарардидаи вилояти Хатлон кумакҳои моддӣ расонида шуда истодаанд.
Рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар ноҳияи Вахш ҳашари вилоятӣ ҷиҳати рафъи оқибатҳои офати табиӣ сурат мегирад.
Ёдрас мешавем, ки бар асари сели шаби 11 май дар деҳаи Иттифоқи ноҳияи Вахш якчанд манзили зист пурра хароб гардида, заминҳои наздиҳавлигӣ, иншооти ёрирасон, майдонҳои кишт аз лой пур шуданд.