Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия

Манижа ба тамошобинон дар Евровидение "сюрприз" ваъда кард

Манижа гуфт, ки Русия дар Евровидение-2021 сюрприз омода мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 май - Sputnik. Овозхони тоҷик Манижа Сангин дар барномаи "Меҳмони махсус" -и Тина Канделаки ваъда дод, ки тамошобинони озмуни Евровидениеро як чизи ғайричашмдошт интизор хоҳанд буд.
"Дар саҳна сюрпризи хеле калон хоҳад буд. Ин посух ба суолест, ки чаро ӯ бояд Русияро намояндагӣ кунад", - гуфт Манижа.
Овозхон ба саволи Тина Канделаки рӯшан кард, ки ин хирс нахоҳад буд.
Манижа пардаи махфиятро кушода, илова кард, ки онҳо як қолаби хеле муҳимро дар саҳна нишон медиҳанд ва бо он видоъ мекунанд.
"Ин стереотип дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла кишвари мо хоҳад буд", - шарҳ дод Манижа.

Манижа Сангин дар Евровидение

Манижа Сангин овозхони тоҷиктабори Русия мебошад, ки бо суруди Russian Woman дар давраи интихоби миллӣ намояндаи кишвар дар Евровидение интихоб шуд.Интихоби намоянда аз Русия тариқи раъйдиҳӣ зимни пахши мустақим тариқи шабакаи аввали телевизион рӯзи 8 март сурат гирифт.
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Ба фикри Шумо оё Манижа дар Евровидение пирӯз мешавад?
Аммо, на ҳама номзадии Манижаро ба ҳайси намояндаи Русия дар Евровидение дастгирӣ карданд. Ҳамин тавр, интихоби сароянда ва суруд ҳам аз ҷониби сиёсатмадорон ва ҳам бисёри мунаққидон ва продюссерҳо зери интиқод қарор гирифт.
Соли 2021 озмуни Евровидение дар Нидерланд баргузор мешавад. Озмунро аз 18 то 22 май Ротердам мизбонӣ менамояд.
Пеш аз эълони натиҷаҳои интихоби миллӣ, букмекерҳои байналмилалӣ ҷойгоҳи 3-ро барои Русия пешгӯӣ мекарданд.
Пас аз тасвиби Манижа ва муаррифии суруд, имкони пирӯзии кишвар дар озмун коҳиш ёфт - дар тӯли як рӯз мавқеъ ба 10-ум иваз шуд.
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Манижа: зани русро бо як образ муайян кардан номумкин аст
Дар портали Change.org муроҷиатномае пайдо шуд, ки дар он талаб мешавад, то зодаи Тоҷикистон аз ширкат дар озмун маҳрум карда шавад. Ғайр аз он, ба Кумитаи тафтишотии Русия бо дархости санҷиши таркиби суруд дар заминаи экстремизм дархост расид.
Сарфи назар аз он, ки видеои суруди Манижа "Russian Woman барои Eurovision - 2021" беш аз 9 миллион тамошобин пайдо кардааст, букмекерҳо ин барномаро номуваффақ меҳисобанд.
Ҳамроҳи Манижа суруди "Зани рус" - ро чор бэк-овозхон - ду мард ва ду зан месароянд.