Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия

Дигарон нимбараҳна, Манижа бо рӯймол: намояндаи Русия Евровидение - 2021 - ро тоҷикӣ кард

Манижа Сангин намояндаи Русия дар Евровидение - 2021 аст, вале бо рӯймол, кокулҳои бофта ва гулдӯзӣ ба саҳна мебарояд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 май— Sputnik. Манижа Сангин - зодаи Тоҷикистон ва муқими Маскав, ки аз Русия дар Евровидение - 2021 намояндагӣ мекунад, дар Роттердам аз аксари ширкаткунандагон, ки нимбараҳнаанд, куллан бо тарзи либоспӯшиаш фарқ мекунад.
Ӯ дар баробари ба бар кардани либоси пӯшида, бо бастани рӯймол, кокулҳои бофта ва чаканпӯшиҳо тафовут дорад.
Гарчанде Манижа Сангин дур аз Тоҷикистон ба воя расидааст, бахусус замони омодагӣ ба ҳунарнамоӣ дар Евровидение - 2021 аз образҳои тоҷикӣ дар пироҳану ороиши мӯйяш васеъ истифода мекунад.

"Зани рус" бо абрувони пайваста

Ӯ дар нахустнамоиши сурудаш "Зани рус", ки бо ин суруд Русияро дар Евровидение - 2021 муаррифӣ мекунад, ҷомаи сиёҳ бо гулҳои чакани ранги сабзу ҷигарӣ ба бар карда буд. Ин ҷома маҳсули дасти тарроҳи тоҷик Нафиса Имронова мебошад.

"Мо бо Манижа Сангин ду сол мешавад, ки ҳамкорӣ дорем. Мо барои Манижа ҷомаи сиёҳ бо гулҳои рангоранги чакан ва барои гурӯҳаш костюмҳои аз ҷинс дӯхташударо, ки чор сол мешавад дар мӯд аст, бо тарроҳии махсус омода кардем", - гуфт Нафиса дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Яке аз либосҳои дигар, ки Манижа бо он дар саҳнаи Евровидение - 2021 ҳунарнамоӣ мекунад, комбинезони сурх аст. Ин пӯшок маҳсули дасти модари Манижа Наҷиба Усмонова ҳаст. Дар ин костюм низ гулҳои гулдузишуда намоён аст.
Нафиса Имронова мегӯяд бо чунин тарзи пӯшиш Манижа мехоҳад намояндаи миллати тоҷик будани худро нишон диҳад, ки чӣ гуна як пӯшоки сохти урупоӣ бо услубҳои тоҷикӣ зебо аст.
Худи Манижа дар шарҳи ин либосаш гуфт, он бозгӯкунандаи намояндаи синфи коргар буданаш ҳаст.
“Ин либоси синфи коргар аст. Намехостам аз ҳад зебо дар саҳна бошам. Паёми ман ин ки мехоҳам, синфи коргарро намояндагӣ кунам, зане аз синфи коргарро, ки бисёр кор мекунад, то муваффақ бошад”, - изҳор дошт Манижа зимни нишасти матбуотӣ.Феълан Манижа барои иштирок дар озмуни Евровидение дар Роттердам қарор дорад.

Рӯймол ва кокулҳои бофта

Аз қисматҳои дигари образи Манижа дар Евровиденеи - 2021 рӯймоли баста ва мӯйҳои бофташуда мебошад.
Рӯймон як навъ сарпӯши маъмулии занони тоҷик аст ва бонувони Тоҷикистон аз он васеъ истифода мекунанд.
Тарзи бастани рӯймол гоҳҳо дар ҳар минтақаи алоҳидаи кишвар фарқ мекунад. Тарзи бастани рӯймол аз синну соли бонувон низ вобаста аст. Масалан бонувони бузургсол аввал рӯймоли хурд баставу баъдан аз боло рӯймоли калонро мепартоянд.
Певица Manizha
Вале солҳои охир дар Тоҷикистон тарзи бастани салламонанд низ ба қавле мӯд шудааст. Духтарони ҷавон рӯймоли калонро гирифта онро гирди сарашон тоб медиҳанд ва дар охир нӯгҳои рӯймолро ба ҳам пайваст мекунанд.
Маҳз аз ҳамин тарзи бастани рӯймол Манижа низ дар образҳояш дар Евровидение - 2021 васеъ истифода мекунад ва фарҳанги тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд.
Кокулбофӣ низ хоси занон ва модарони тоҷик аст. Бештар арӯсони қарни гузашта дар Тоҷикистон замони арӯсӣ мӯйҳояшонро чунин кокулбофт мекарданд.

Забони тоҷикӣ дар Евровидение - 2021

Гарчанде Манижа берун аз Тоҷикистон бузург шуда бошад ҳам, дар эҷодиёташ вожаҳо аз забони тоҷикӣ дучор мешаванд.
Дар як мусоҳибааш сароянда гуфта буд, ки мақсадаш аз бештар эҷод кардану сурудан ба забонҳои русиву ангилсӣ, ҷамъ кардани аудитория ҳаст ва вақте, ки ӯ ба ин мақсадаш расид, албатта ба забони модари худ хоҳад сароид.
Ахиран Манижа ба ҳамин ваъдааш вафо кард ва дар майдони Евровидение - 2021 дар Роттердам ба забони тоҷикӣ сароид.
"Ман наметонам, бе ту наметонам, ҷонам", - замзама кард Манижа ва аз кафкӯбиҳои дар толор нишастагон маълум буд, ки ин вожаҳо сахт писандашон омадааст.

Ин вожаҳои тоҷикӣ аз суруди машҳури Манижа бо номи "Мама" мебошад, ки соли 2017 дар YouTube нашр шуд ва соли 2019 ба ин суруд намоҳанг сабт карда шуд.

Вожаи тоҷикӣ дар ин сурудро Манижа ду маротиба такрор мешавад. Ғайр аз суруди "Мама" Манижа боз дар ду суруди хуз вожаҳои тоҷикиро ба кор бурдааст.
Аз ҷумла дар суруди "Ваня", вожаи "ҷони бобош" ва дар суруди "Недославянка" , вожаи "Ё Аллоҳ" ва "Ё бача ту маро гӯш кун" - ро истифода намудааст.
Нахустлибосе, ки Манижа дар бар дорад, аз пораҳои матоъ аз нуқтаҳои гуногуни Русия дӯхта шуда, баъдан шоуро бо комбинезони рангаш сурхи баланд идома медиҳад.

Дигарҳо нимбараҳна - Манижа пӯшида

Манижа дар Роттердам аз аксари ширкаткунандагон, ки нимбараҳнаанд, куллан бо тарзи либоспӯшиаш фарқ мекунад.
Замоне, ки дигар ширкаткунандагон кӯшиш доранд, бо пироҳанҳои нимбараҳна саҳнаи Евровидениеро фатҳ кунанд, Манижа бо либоси оддӣ ва пӯшида ба саҳна мебарояд.
Масалан Стефания, ки Юнонро муаррифӣ мекунад бо либоси ранги сабуки силсиладор ба саҳна баромад, ки қисме аз баданаш намоён аст.
Стефани из Греции на репетиции второго полуфинала конкурса "Евровидение" в Роттердаме
Стефания дар Нидерланд таваллуд шуда, ба воя расидааст.
Ё гурӯҳи духтарон аз Сербия, ки дар жанрҳои поп ва R&B суруд иҷро мекунад, бо пироҳанҳои силсиладори хокистаранги кӯтоҳ дар саҳна намоён шуданд.
Ураган из Сербии на репетиции второго полуфинала конкурса песни "Евровидение" в Роттердаме
Ҳаводорони Манижа аз тарзи либоспӯшиаш истиқбол кардаанд.
"Либоси ӯ доим рамзӣ хоҳад буд", - навиштааст яке аз корбарон дар инстаграм.
"Ӯ худ рамзӣ аст ва тарроҳии пироҳан низ бисёр зебо аст", - навиштааст дигаре.
"Дигар ширкаткунандагон кӯшиш мекунанд бо пироҳанҳои нимбараҳна саҳнаи Евровидеинеро тасхир кунанд, Манижа бо либоси оддӣ ва пӯшида ба саҳна меаброяд", - навиштааст дигаре.

Тоҷикдухтар дар Евровидение - 2021

Манижа Сангин овозхони тоҷиктабори Русия мебошад, ки бо суруди Russian Woman дар давраи интихоби миллӣ намояндаи кишвар дар Евровидение интихоб шуд.
Интихоби намоянда аз Русия тариқи раъйдиҳӣ зимни пахши мустақим тариқи шабакаи аввали телевизион рӯзи 8 март сурат гирифт.
Аммо, на ҳама номзадии Манижаро ба ҳайси намояндаи Русия дар Евровидение дастгирӣ карданд. Ҳамин тавр, интихоби сароянда ва суруд ҳам аз ҷониби сиёсатмадорон ва ҳам бисёри мунаққидон ва продюссерҳо зери интиқод қарор гирифт.
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
"Ош баъди шок": тағои Манижа дар бораи ҷиян, оила, танқидҳо ва шустани пирӯзӣ
Соли 2021 озмуни Евровидение дар Нидерланд баргузор мешавад. Озмунро аз 18 то 22 май Ротердам мизбонӣ менамояд.
Пеш аз эълони натиҷаҳои интихоби миллӣ, букмекерҳои байналмилалӣ ҷойгоҳи 3-ро барои Русия пешгӯӣ мекарданд. Пас аз тасвиби Манижа ва муаррифии суруд, имкони пирӯзии кишвар дар озмун коҳиш ёфт - дар тӯли як рӯз мавқеъ ба 10-ум иваз шуд.
Дар портали Change.org муроҷиатномае пайдо шуд, ки дар он талаб мешавад, то зодаи Тоҷикистон аз ширкат дар озмун маҳрум карда шавад.
Ғайр аз он, ба Кумитаи тафтишотии Русия бо дархости санҷиши таркиби суруд дар заминаи экстремизм дархост расид.
Сарфи назар аз он, ки видеои суруди Манижа "Russian Woman барои Eurovision - 2021" беш аз 9 миллион тамошобин пайдо кардааст, букмекерҳо ин барномаро номуваффақ меҳисобанд. Ҳамроҳи Манижа суруди "Зани рус" - ро чор бэк-овозхон - ду мард ва ду зан месароянд.
Даври нимниҳоӣ ва финали озмуни Евровидение - 2021 ҳафтаи оянда аз 18 то 22 май идома мекунад.