Тоҷикистон барои муайянсозии олудагии ҳаво ду озмоишгоҳи нав гирифт

Озмоишгоҳҳои сайёр барои дастрас намудани маълумоти фаврӣ ва дақиқ оид ба вазъи олудагии ҳавои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мусоидат менамоянд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 май - Sputnik. Тоҷикистон барои муайянсозии олудагии ҳаво ду озмоишгоҳи нав гирифт, хабар медиҳад Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ, кишвар ду авто-озмоишгоҳи сайёр барои мониторинги ҳавои атмосферӣ ворид намуд.
Гуфта мешавад, озмоишгоҳ бо мақсади мукаммалсозии низоми мониторинги ҳавои атмосферӣ аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон харидорӣ кард.
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист ифтитоҳ шуд
Воридоти мошинҳо бо ҷалби маблағҳои грантии лоиҳаи минтақавии "Мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва кам кардани таъсири он дар ҳавзаи баҳри Арал" (CAMP4ASB) роҳандозӣ шудаанд.
Гуфта мешавад, озмоишгоҳҳои сайёр рӯзҳои наздик мавриди истифода қарор дода мешаванд.
"Озмоишгоҳҳои сайёр барои дастрас намудани маълумоти фаврӣ ва дақиқ оид ба вазъи олудагии ҳавои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мусоидат менамоянд", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.
Таҷҳизоти дар озмоишгоҳи сайёр насбгардида истеҳсоли давлатҳои Аврупо ва Русия мебошанд.
Хокрезиш дар Макка ва Пекин: ба Тоҷикистон мерасад?
Ҳамзамон дар доираи қисмати минтақавии лоиҳа 7 стансияи худкори (автоматикӣ) метеорологӣ ва инчунин 15 компютер ва лавозимоти дигари техникӣ барои Агентии обуҳавошиносии Кумита ворид ва насб карда шудаанд.
Дар доираи лоиҳаи мазкур ворид намудани 16 стансияи худкор оид ба мониторинги муҳити зист ва таҷҳизот ҷиҳати ташкили майдончаи таълимии метеорологӣ барои Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.