Ҳукумат хостори кори шаффофи судҳо шуд: парлумон қабул кард

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон лоиҳаи қонун “Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо” – ро қабул кард, ки ба шаффофияти кори додрасҳо равона шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Лоиҳаи қонун “Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо” - ро Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод кард, хабар дод котиботи Маҷлиси намояндагон.
Ба иттилои манбаъ, лоиҳаи Қонуни мазкур бо мақсади шаффофу ошкоро баргузор намудани мурофиаҳои судӣ, кафолати муҳокимаи одилонаи судӣ, густариши робитаҳои мақомоти судӣ бо воситаҳои ахбори омма ва ҷоннок кардани фаъолияти сомонаҳои судӣ, таҳкими боварии шаҳрвандон ба ҳокимияти судӣ ва дастрасии ҷомеа ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо таҳия гаштааст.
Ислоҳот бо имзои Раҳмон: сайтҳо фаъол ва кори судҳо ошкоро шавад
Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон, зимни муаррифии лоиҳа зикр намудааст, ки он аз муқаддима, 6 боб ва 26 модда иборат буда, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъоляити судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро муқаррар менамояд.
Аз ҷумла боби сеюм тарзҳои пешниҳоди иттилоот оид ба фаъоляти судҳоро муайян намудааст, ки ба роҳи иштирок дар мурофиаҳои судӣ, интишори иттилоот, ҷойгир кардани иттилоот дар сомонаи судҳо, интишори матни санадҳои судӣ дар сомонаи судҳо амалӣ мешавад.
“Боби чорум ҳамкории судҳо бо воситаҳои ахбори омма буда, он мақсад ва шаклҳои ҳамкории судҳо бо воситаҳои ахбори омма, намояндаи расмии судҳо оид ба чунин ҳамкориро муқаррар намудааст”, - таъкид намуд котиботи пурлумон.
Боби шашум аз муқаррароти хотимавӣ иборат буда, он ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур ва тартиби мавриди амал қарор додани онро пешбинӣ кардааст.
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар пайи баррасии лоиҳа онро қабул намуд.