ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Тибқи гузориши ин ниҳод, боздоштшуда Холов Неъматуллои 44- сола буда бо шарикаш дар 16 ҳолати қалбакӣ фурӯхтани чипта муттаҳам мешавад.
Ба иттилои манбаъ, номбурда бо мақсади ба даст овардани маблағи муфт бо роҳи фиреб ҳамроҳи шарикаш Расулов Комили 35-сола, сокини ноҳияи Ёвон ба чунин кор даст задааст.
Манбаъ мегӯяд, ин афрод ба боварии сокини шаҳри Ваҳдат Назаров Суннатуллло даромада, бо баҳонаи он ки ба ӯ чиптаи самти Кӯлоб-Маскавро медиҳанд, аз ӯ 8 ҳазору 450 сомонӣ гирифтаву ғайб задаанд.
“Ҳамин тариқ номбурдагон аз 16 нафар сокинони кишвар барои харидорӣ намудани чиптаи ҳавопаймои самти Русия маблағҳои гуногун гирифтаву пулҳои бо роҳи қаллобӣ ба даст овардаашонро ба манфиати худ сарф кардаанд”, - афзудааст ВКД.
Ба гузориши ин ниҳод, пулҳои бо роҳи қаллобӣ ба даст овардаи ин афрод 128 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
ВУД мегӯяд, айни ҳол Холов Неъматулло боздошт шуда, Расулов Комил дар пайгард қарор дорад.
Айни ҳол вобаста ба ин ҳолат бо моддаи 247-и Кодекси ҷиноии кишвар парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.
Ёдовар мешавем қаблан ин ниҳод аз боздошти як чиптафурӯшу миёнарав хабар дода буд, ки дар гаронфурӯшии билетҳо муттаҳам мешаванд.
Хариду фурӯши чипта дар ҳоли ҳозир аз мавзуоти ҳассос дар Тоҷикистон буда, қаблан барои назорат дар ин самт барои пешгирӣ аз қаллобиҳову гаронсозии нархҳо мақомот муваззаф шуданд.