Иди Рамазон муборак! рӯзи 13 май дар таърих

Рӯзи 13 май мусалмонони ҷаҳон поёни моҳи шарифи Рамазон - Иди Фитрро ҷашн мегиранд
Sputnik

Рӯзи 13 май дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1927 дар Киев клуби футболи "Динамо Киев" ифтитоҳ гардид.
Соли 1939 дар Порис Конфронси байналмилалии ҳифзи сулҳ, демократия ва эътибори инсоният баргузор гардид.
Рӯзи шашмақом: 12 май дар таърих
Соли 2016 дар ИМА куҳансолтарин зани сайёра аз олам даргузашт.

Рӯзи 13 май дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1940 Боғи ботаникии Помир ифтитоҳ гардид.
Соли 2010 аввалин маротиба дар пойтахти Тоҷикистон –шаҳри Душанбе ҷаласаи панҷуми Форуми Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор гардид.
Соли 2010 дар шаҳри Душанбе миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Россия барои соли 2010 барномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.
Зодрӯзи Абдуваҳҳоб Воҳидов: рӯзи 11 май дар таърих
Соли 2015 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонони давлатҳои узви ИДМ баргузор гардид.
Соли 2015 бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба Рӯзи Шашмақом консерти бошукӯҳи идона баргузор гардид.
Соли 2016 дар шаҳри Душанбе масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Америка баррасӣ шуд.
Соли 2016 дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ муҳокима гардиданд.

Ҷашнҳои рӯзи 13 май

Дар Русия – Рӯзи хадамоти дидбонӣ-посбонии милитсия.
Иди Фитр