Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ҳамдигарро ба Иди Рамазон табрик карданд

Боз як гуфтугӯи телефонии раисони ҷумҳури Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 мая — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев якдигарро бо Иди Рамазон табрик гуфта, ҳамкориҳоро баррасӣ кардаанд.
"Дар ҷараёни суҳбат роҳбарони ду давлат дар фазои дӯстӣ ба муносибати фарорасии иди мубораки Фитр бо таманниёти некӯаҳволӣ, сулҳу субот ва шукуфоӣ унвонии мардумони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мубодилаи табрикоти самимӣ намуданд", - афзудааст манбаъ.
Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев бо изҳори қаноатмандӣ раванди рушди босуръати муносибатҳои ҳусни ҳамҷавории дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Ӯзбекистонро дар сиғаи шарикии стратегӣ таъкид кардаанд.
Раҳмону Тоқаев Иди Фитрро ба ҳамдигар табрик ва дидори қарибулвуқӯяшонро баррасӣ карданд
Дар ин зимн ҷонибҳо ҷиҳати боз ҳам ғанитар гардидани онҳо бо мазмуну мӯҳтавои нави амалӣ дар натиҷаи музокироти сатҳи олӣ, ки баргузориашон дар ояндаи наздик ба нақша гирифта шудааст, изҳори итминон намуданд, афзудааст котиботи президент.
Ба иттилои манбаъ, дар рафти суҳбат ҳамчунин масъалаҳои алоҳидаи мубрами минтақавӣ ва байналмилалии мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн муҳокима гардиданд.