ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар робита ба харобкориҳои ахири сел бо раҳбари ноҳияи Вахш Қурбоналӣ Юсупов суҳбати телефонӣ кардааст.
Тибқи иттилои котиботи президент, раиси ноҳияи Вахш доир ба тадбирҳои бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ ҳисобот додааст.
Ба иттилои манбаъ, бо дастури Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи корӣ бо роҳбарии муовини сарвазири кишвар Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва роҳбарони дигар сохторҳои марбута ҷиҳати муайян кардани хисороти ба хоҷагии халқи ин ноҳия расида ва бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ сафарбар гардид.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ноҳияи Вахшро вазифадор намудааст, ки ба мардуми зарардида кӯмакҳои саривақтӣ расонанд ва ҳарчи зудтар манзилҳои истиқоматӣ ва дигар иншооти харобгардидаро барқарор намоянд.
Ёдрас мешавем, ки дар бархе аз шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ рӯзи 11 май боришоти боронҳои пай дар пай ба миён омад, ки дар натиҷа ба ҳалокати одамон, вайроншавии манзили истиқоматӣ ва шусташавии роҳҳои автомобилгард оварда расонид.