Мусулмонони тамоми ҷаҳон имрӯз, Иди Фитр поёни моҳи мубораки Рамазонро ҷашн мегиранд.
Иди Фитр, пас аз 30 рӯзи рӯзадорӣ дар поёни моҳи мубораки Рамазон қайд карда мешавад.
Ин ид дар сиюмин рӯзи моҳи мубораки Рамазон пас аз ғуруби офтоб дар оғози моҳи Шаввол таҷлил мешавад.
Чун дигар идҳои мусалмонӣ Иди Рамазон рӯзи дақиқ надорад ва вобаста ба тақвими мусалмонӣ муайян карда мешавад.
Маъмулан, Иди Фитр дар бо гузоштани намози ид ва хабаргирии пайвандону дуохонӣ дар ҳаққи гузаштагон идома мекунад. Тибқи анъанаҳои асосӣ, дар ин рӯз мусулмонон якдигарро бо ибораи "Иди Муборак" пешвоз мегиранд, хӯрокҳои идона омода мекунанд, либосҳои озода мепӯшанд, намози идона мегузоранд, ба камбизоатон пул ва хӯрок тақсим мекунанд.