ДУШАНБЕ, 13 май - Sputnik. Дар Кӯлоб барои осебдидагони офати табиӣ нуқтаҳои ёрирасони тиббӣ таъсис дода шуд, хабар медиҳад Вазорати тандурустии Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ, бо мақсади расонидани кӯмаки тиббӣ ба шаҳрвандон, хосатан ба осебдидагони ин офати табиӣ дар Кӯлоб аллакай нуқтаҳои ёрирасони тиббӣ таъсис дода шудаанд.
"Қобили зикр аст, ки айни замон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ва муовини ӯ Шодихон Ҷамшед дар ноҳияи Кӯлоб қарор доранд", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.
Вазир ва муовини вазир аз нуқтаҳои хизматрасонии тиббӣ боздид ба амал оварда, баҳри иҷрои саривақтии муроҷиати шаҳрвандон дар самти расонидани кумаки аввалияи тиббӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Бояд гуфт, ки нуқтаҳои ёрирасони тиббӣ пурра бо мавод ва таҷҳизоти тиббӣ таъмин буда, дар ҳолатҳои зарурӣ оҷилан ба муроҷиаткунандагон хизмати тиббӣ мерасонанд.
Ёдрас мешавем, пештар хабар дода шуд, ки бо супориши президент Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба ҷойҳои бехавф кӯчонидани шаҳрвандон ва муайян намудани хисороти расонидашуда дар пайи ба вуҷуд омадани сел дар дар вилояти Хатлон Ситоди корӣ таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода таъсис дода шудааст.
Ёдрас мешавем, ки рӯзи 11 май дар пайи боронгариҳои шадид як қатор шаҳру навоҳии вилояти Хатлон аз сел хароб шуд.
Мувофиқи маълумоти пешакии КҲФ, дар паи фаромадани сел дар вилояти Хатлон 8 кас ҷони худро аз даст дод. Ҳаимн тавр, дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 3 нафар шаҳрвандон, ки дар дохили автомашинаи сабукрав қарор доштанд, ба ҳалокат расиданд, менависад ин ниҳод.
Ҳамчунин, дар шаҳри Кӯлоб 3 нафар шаҳрвандон фавтида, ки аз инҳо 2 нафар дар дохили мошин будаанд ва 1 нафари дигар аз дохили маҷроҳи селоба пайдо карда шуд.
Дар баробари ин, дар шаҳри Ҳисор низ 1 нафар шаҳрванд, ҳангоми нигоҳубини чорво бар асари омадани селоба ба ҳалокат расидааст.
Дар ноҳияи Кушониён низ дар паи чаппа шудани мошин як шаҳрванди 34-сола ҷони худро аз даст додааст.