Нигина Амонқулова имрӯз, 13 май ва рӯзи таҷлили Иди Рамазон ба мухлисонаш хабар дод, ки барояшон ҳадяи идона дорад.
"Аввалин таронаро аз силсилаи сурудҳои баҳорӣ дар рӯзи мубораки ид тақдими мухлисонам месозам! Ҳадяи сабзи индонаи ман барои шумо, азизон! Ид муборак! Пагох пахш мешавад", - менависад вай дар шарҳи таронаи наваш.
Таронаи тозаи Нигина Амонқуловаро бо номи "Субҳат ба хайр азизам"-ро, ки ҳамагӣ чанд соат пештар нашр шудааст, то ҳол 4 ҳазор маротиба тамошо карда, 310 кас писандидаанд.
Ин дафъа ба шеъри Бобак Аҳмадӣ худи Нигинабону оҳанг сохтаву онро сароидааст.
Суруд дар канали Qiam Entertainment нашр шудааст.
Ёдрас мешавем, ки Нигина Амонқулова, яке аз ситораҳои шоу-бизнеси тоҷик 15 сол мешавад, ки рӯи саҳнаи эстрадаи тоҷик аст. Ӯро мардум бо сурудҳои лирикӣ ва пироҳанҳои зебои миллиаш мешиносад.
Нигина зодаи шаҳри Панҷакент аст ва аз соли 2007 инҷониб дар шаҳри Душанбе истиқомат мекунад.