ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон санаи 11 майи соли равон ҷаласаи корӣ оид ба баррасии масъалаи банизомдарории шуғли ғайрирасмӣ доир гашт.
Манбаъ иттилоъ додааст, ки дар рафти ҷаласа масъулин оид ба корҳои анҷомёфта то ин давра, иҷрои нақшаи чорабиниҳо барои батанзимдарории шуғли ғайрирасмӣ ва мушкилоти мавҷуда дар ин самт гузориш доданд.
Таъкид гардидааст, ки Амонзода Ширин, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон барои ҳалли як қатор мушкилот супориши иловагӣ додааст.
Ба иттилои манбаъ, аз ҷумла вазир барои фароҳам овардани шароити мусоид дар мардикорбозорҳо, танзими фаъолияти ин бозорҳо, ба касбомӯзӣ ҷалб намудани шаҳрвандон ва бо ҷойи кор таъмин намудани онҳо ба масъулин дастуру супоришҳои иловагӣ додаааст.
Бояд гуфт, ки Бонки ҷаҳонӣ бо истифода аз модели ҳисоби Созмони ҷаҳонии кор, сатҳи бекорӣ дар Тоҷикистонро 10,9 дарсад ҳисоб кардааст. Ин панҷ маротиба бештар аз омори расмии ифшокардаи мақомоти тоҷик мебошад.
Бинобар рақамҳои расмии Оҷонсии омор сатҳи бекорӣ дар Тоҷикистон дар соли 2020 - 2,1 дарсад будааст.
Ба гуфтаи оҷонсӣ, шумори бекороне, ки расман ба қайд гирифта шудаанд, наздики 52 ҳазор нафар мебошанд. Тақрибан нисфи онҳоро занон ташкил медиҳанд. Аммо ба ҳисоби Бонки ҷаҳонӣ, шумори бекорон дар Тоҷикистон беш аз 250 ҳазор нафар мебошад.
Корафтодагон дар Тоҷикистон мегӯянд, кӯмакпулии давлат барои бекорон ночиз аст ва бар замми ин барои соҳиб шудан ба он аз чанд идора маълумотнома талаб мешавад.
Аз ин рӯ, бисёре аз сокинон барои расман бекор эътироф шудани худ ба мақомоти ҳифзи иҷтимоӣ муроҷиат намекунанд.