Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Ҳамдардии Раҳмон бо хонаводаҳои қурбониёни даргирӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо оилаҳои қурбониёни даргирӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон изҳори ҳамдардӣ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Кишвардори Тоҷикистон бо хонаводаҳои қурбониёни задухӯрд дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон изҳори таслият гуфта, ба шахсони захмишудаву осебдида шифои комил орзу кард.

"Ба оилаҳое, ки наздикону пайвандони онҳо дар натиҷаи муноқишаву задухӯрди чанд рӯз пеш дар сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ҳудуди шаҳри Исфара рба ҳалокат расиданд, ҳамдардии амиқ баён карда, ба ҳамаи онҳо аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил металабам", - изҳор дошт Раҳмон.

Ҳамчунин кишвардор ба шахсони захмишудаву осебдида шифои комил орзу кардааст.
Ин таслиятро президенти Тоҷикистон зимни ироаи паёми шодбошӣ ба муносибати Иди Рамазон изҳор дошт.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз шаҳрвандон даъват кард, ки мисли ҳарвақта муттаҳиду сарҷамъ бошанд ва дар ҳама ҳолат, хусусан, дар ҳолатҳои вазнин якдигарро дастгирӣ кунанд ва ба ҳамдигар ҳалиму меҳрубон бошанд.

Танишу созиш дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғоти “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид.
Теъдоди қурбониён аз ҳар ду тараф беш аз 55 нафарро ташкил медиҳад. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ 87 тан захмӣ шуда, 19 нафар ба ҳалокат расидаанд.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Вазирони хориҷаи Тоҷикистону Қирғизистон дар Чин мулоқот карданд: онҳо чӣ нақша доранд?
Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод.
Тибқи иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, муттаҳамони қазия шаҳрвандони Қирғизистон будаанд, ки ба сӯи тоҷиконе, ки мехостанд дар он ҷой камераҳои назоратӣ насб кунанд, санг андохтанд ва ҳатто дар ин муноқиша низомиён дар либоси мулкӣ истифода шуданд.
Бишкек дар навбати худ гуфт, ки шаҳрвандони Тоҷикистон муноқишаро ба роҳ монданд, ба сӯи ҳамсояҳояшон аз силоҳ оташ кушоданд.
Феълан вазъ дар марз муътадил арзёбӣ гардида, 2 май ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон протоколи муштарак дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадро ба имзо расонданд.
Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз ин то ҳол ҳудуди 520 километраш аломатгузорӣ шуда, боқимонда ҳанӯз ҳам номуайян мебошад.