Амрикоиҳо барои хариди бензин пули кофӣ надоранд: русҳо гунаҳгор

Хабари хандаовар, амрикоиҳо боз дар як мушкили худ хакерҳои хаёлии русро пайдо карданд. Ин дафъа онҳо гӯё лӯлаи Colonial Pipeline-ро, ки аз Техас то Ню-Йорк тӯл мекашад ва дар як шабонарӯз беш аз 2,5 миллион бушка нафт итиқол медиҳад, қатъ карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik, Виктория Никифорова. Тибқи иттилои Associated Press дар истинод ба як манбаъ аз Идораи таҳқиқоти федералӣ (FBI), ки номаш ошкор нашудааст, як барномаи зараровари компютерӣ маҷбур сохтааст, ки моликони лӯлаи Colonial Pipeline интиқоли нафтро тавасути ин ин лӯла қатъ намоянд. Эҳтимол дорад ҳоло, хакерҳо бо роҳбарияти ширкат дар бораи пули гарав гуфтушунид доранд. Дар тӯли се рӯзи охир лӯла воқеан кор накард, аз ин сабаб бензин қимат шуд ва боз ҳам гарон мешавад.
Шабакаи телевизионии Ҳизби Демократ Амрико - CNN як фарзияеро паҳн кард, ки тибқи он ҳамлаи кибериро хакерҳои гурӯҳи Darkside анҷом додаанд ва ин гурӯҳ - бале, шумо тахмин кардед - албатта, бо русҳо алоқаманд аст.
Далел куҷост? Darkside ҳамчун "Самти торик" тарҷума мешавад ва шумо медонед, ку дар торикии ҷаҳони демократӣ кӣ зиндагӣ мекунад? Албатта, русҳо. Darkside дорои сомонаи расмӣ ва тамосҳои худ мебошад, ки тавассути он рӯзноманигорони амрикоӣ кӯшиш мекунанд, бо онҳо тамос гиранд. Шумо мепурсед, ки ин ҳакерҳо кистанд, ки сомонаву тамосҳои худро доранд? Хуб, ин шояд як рӯҳияи пурасрори рус бошад.
Нафт ба таҳрим рабт надорад: хариди рекордии нафти Русия аз ҷониби Амрико
“Далел” қави дар он аст, ки “Ҳакерҳои сиёҳ” дар фазои пасошӯравӣ кор накардаанд. Тибқи ин мантиқ, агар ягон ҳакер ба ягон ширкати Люксембургӣ ҳамла накунад, ин маънои онро дорад, ки ӯ ҳатман дар Люксембург зиндагӣ мекунад. Мутаассифона, шарикони амрикоӣ кайҳо боз худро бо далелҳои эътимодбахши бофтаи худ боварӣ мекунонанд.
Дар воқеъ, афсонаҳои ҳакерҳо барои сафед кардани воқеиятҳои нохуши иқтисодии даврони Байден паҳн мешаванд. Далел ин аст, ки дар замони президент Трамп як галлон бензин ба ҳисоби миёна дар кишвар ду доллар (як литр тақрибан ним доллар) арзиш дошт. Имрӯз як галлон бензин то сеюним то чаҳор доллар боло рафт. Дар иёлати Калифорния нархи як галлон дорад ба панҷ доллар наздик мешавад. Ин маънои онро дорад, ки як литр бензин барои як сокини оддии Калифорния беш аз сад рубл рост меояд.
Нофаҳмиҳо дар бораи лӯлаи Colonial Pipeline (ҳатто муҳим нест, ки он ҷо чӣ шуд) баҳонаи олӣ барои афзоиши минбаъдаи нархи сӯзишворӣ хоҳад буд. Пешгӯӣ кардан душвор нест, ки он ба куҷо мебарад. Афзоиши нархи роҳкиро, нақлиёт, болоравии нархҳо барои тақрибан ҳама маҳсулот - аз чиптаи ҳавопаймо то хӯрокворӣ. Хулоса, болоравии таваррумро, ки амрикоиҳо қаблан ба саҳмияҳо ва амволи ғайриманқул рабт медоданд, ҳоло бошад дар тамоми соҳаҳо эҳсос хоҳад шуд.
Ҳамон лаҳзае, ки Байден ба Кохи Сафед ворид шуд, истеҳсоли нафти слансиро маҳдуд кард, лоиҳаи лӯлаи нафти Keystone XL -ро баст ва ваъда дод, ки ба энергияи сабз сармоягузорӣ мекунад. Ҳамаи ин имкон надод, ки истеҳсолот дар сатҳи пеш аз давраи коронаӣ барқарор шавад.
Мавҷи нав: болоравии нархи нафт пешгӯӣ шуд
Нақшаҳои нест кардани бахши нафтии Русия тавассути поинбурдани нархи тиллои сиёҳ ноком шуданд. Баръакс танҳо истеҳсолкунандагони нафти сланс дар Амрико дар соли 2020 муфлис шуданд. Ҳоло, пас аз авҷи пандемия, талабот ба сӯзишворӣ меафзояд, мавсими тобистонаи сайёҳати оммавӣ дар саросари кишвар фаро мерасад аммо талаботро ба ҳеҷ ваҷҳ наметавон қонеъ кард. Ба ҳамин сабаб аст, ки нархи бензин ҳоло дар осмон аст.
Дар кишварҳои пешрафта барои паст кардани нархи сӯзишворӣ василаҳои гуногуни молиявӣ вуҷуд дорад. Масалан, Русия солҳост, ки механизми демпферниро бомуваффақият истифода мебарад. Имрӯз кишвар метавонад бо яке аз пасттарин нархҳои сӯзишворӣ дар ҷаҳон ифтихор кунад.
Аммо, дар Амрико орзуҳои Грета Тунбергро афзалтар медонанд: амрикоиҳо дар хона нишастаанд, зеро онҳо барои харидани бензин пул надоранд, дар рухсатӣ парвоз намекунанд, зеро чиптаи ҳавопаймо маблағи зиёдеро талаб мекунад.
Як сол пеш, вақте ки нафт ба пастиҳои таърихӣ сарозер шуд, Искандария Окасио-Кортез, ситораи ҷавонони равиши чапи демокраҳот, дар Твиттер навишт: "Шумо инро комилан дӯст медоред. Саноати нафти мо дар таназзули сохторӣ қарор дорад ..."
Ҳамин лаҳза, одамон дар саноати маъданҳои кӯҳӣ ба таври оммавӣ аз кор маҳрум мешуданд, ширкатҳои хурду калон муфлис шуданд ва ба зудӣ конгрессмен маҷбур шуд, ки твити навиштаашро нобуд кунад. Аммо Интернет ҳама чизро дар ёд дорад: хароб кардани саноати нафти Амрико ҳадафи азизтарини сарватмандонест, ки ҳизби демократро сарпарастӣ мекунанд.
Болоравии нарх дар бозори нафт: то кай ин ҷараён идома меёбад
Пас аз ҳамлаи кибери ба лӯлаҳои Colonial Pipeline, таҳлилгарон ба муштариён тавсия доданд, ки саҳмияҳои ширкатҳои бузурги интернетиро, ки ба амнияти киберӣ машғуланд, бихаранд. Директори собиқи яке аз ин бузургтарин ширкати интернетӣ - Эрик Шмидт аз Google, ҳоло яке шахси бонуфузтарини Кохи Сафед аст ва ҷонибдорони худро ба вазифаҳои каму беш намоён пешбарӣ мекунад.
Барои сарватмандони амрикоӣ, ки корпоратсияҳои рақамӣ доранд, хароб кардани бахши истихроҷи нафти Амрико муфид аст. Он чизе, ки миллионҳо шаҳрвандони оддиро муфлис мекунад, ин "зарари"-и ҷанги корпоративии иқтисодӣ мебошад. Ҳудуди Амрико ба театри амалиёти ҳарбӣ табдил ёфтааст, аммо Вашингтон тамоми мушкилоти амрикоиҳоро бар сари русҳо бор мекунад.
Албатта, тӯҳмати рӯирост ба музокироти президенти Русия ва Амрико кумак намекунад. Аммо шумо метавонед кӯшиш кунед, ки онро барои фишор истифода баред. "Мо гуфтугӯ хоҳем дошт, ман бо президент Путин мулоқот карданӣ ҳастам" гуфт дирӯз Ҷо Байден. "То ҳол хадамоти ҷосусии мо далелҳои даст доштани Русияро (дар ҳамлаи киберӣ ба лӯлаи Colonial Pipeline) наёфтанд, аммо далелҳо мавҷуданд ки барномаи тамаъҷӯӣ дар Русия аст. (русҳо) бояд ҷавоб диҳанд ... "
Дурнамои хушоянд: нархи нафт дар соли 2021 чанд хоҳад буд
"Ҳакерҳои Русия" кайҳо ба латифа табдил ёфтаанд, ки мақомоти Амрико ҳар вақте ки ягон хатое бо онҳо рух диҳад, онро берун мекашанд. Ба чӣ гуноҳҳо барномасозони Русияро айбдор накарданд! Шикастани компютерҳои Ҳизби Демократ ва дахолати бепоён ба интихобот ва халал дар кори шабакаҳои давлатии Амрико дар интернет дар моҳи декабри соли гузашта ва ҳоло навбат ба- бензини гаронбаҳо расид. Дар тӯли ин ҳама солҳо ягон хакери воқеӣ ба мардум пешниҳод карда нашудааст. Ягон далел ҳам пешниҳод нашудааст.
Дар ҳамин ҳол, маҳз дар ин солҳо худи Амрико дар ҷаҳон ба пешвои ҷинояткории компютерӣ табдил гардид. Амрикоиҳо муаллифони машҳуртарин ҳамлаҳои киберӣ дар даҳсолаҳои охир мебошанд. Баъзе аз ин ҳамлаҳо ба як вайронкории пурраи низомӣ шабоҳат медоданд. Барои мисол вируси компютерии Stuxnet, ки инфрасохтори Эронро ба таври хатарнок халалдор кард.
Русия доимо аз давлатҳо барои ба роҳ мондани таъмини амнияти киберии байналмилалӣ даъват мекунад. Аммо, амрикоиҳо ҳар дафъа худро канор мегиранд. Таназзули кишвар ва муфлисшавии шаҳрвандон бар дӯши ҳакерҳои рус вогузор кардан хеле осонтар аст.