ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Дар Чин дар ҳошияи мулоқоти дуввуми вазирони корҳои хориҷӣ дар формати "Осиёи Марказӣ - Чин" мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов ва вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Руслан Қазоқбоев баргузор гардид.
Мавзӯи асосии муколамаи дипломатҳои ду кишвар вазъи марзи Тоҷикистону Қирғизистон буд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки вазъияти муноқишавӣ, ки боиси талафот ва ҷароҳатдор шудани теъдоди зиёди мардум шуд, бояд танҳо тавассути гуфтушунидҳои сиёсӣ ва дипломатӣ ҳал карда шавад.
Комилов инчунин гуфтааст, ки Ӯзбекистон омода аст барои ҳалли минбаъдаи вазъ дар минтақаи низоъ ҳамаҷониба кӯмак ва дастгирӣ кунад.
Раҳбари Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон афзуд, ки тақсимнопазирӣ ва амният принсипҳои бунёдии ҳифзи суботи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ мебошанд.
Ҳамчунин дар ин дидор сафари дуюми президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов ба Ӯзбекистон эълом шуд.
Танишу созиш дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғоти “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид.
Теъдоди қурбониён аз ҳар ду тараф беш аз 55 нафарро ташкил медиҳад. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ 87 тан захмӣ шуда, 19 нафар ба ҳалокат расидаанд.
Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод.
Тибқи иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, муттаҳамони қазия шаҳрвандони Қирғизистон будаанд, ки ба сӯи тоҷиконе, ки мехостанд дар он ҷой камераҳои назоратӣ насб кунанд, санг андохтанд ва ҳатто дар ин муноқиша низомиён дар либоси мулкӣ истифода шуданд.
Бишкек дар навбати худ гуфт, ки шаҳрвандони Тоҷикистон муноқишаро ба роҳ монданд, ба сӯи ҳамсояҳояшон аз силоҳ оташ кушоданд.
Феълан вазъ дар марз муътадил арзёбӣ гардида, 2 май ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон протоколи муштарак дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадро ба имзо расонданд.
Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз ин то ҳол ҳудуди 520 километраш аломатгузорӣ шуда, боқимонда ҳанӯз ҳам номуайян мебошад.