Тағйироти кадрӣ дар КДАМ Тоҷикистон

Дар сохтори Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз ҷумла дар раёсати амният дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон тағйироти кадӣ сурат гирифт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 май – Sputnik. Дар мувофиқа бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Меликзода Маҳмад Эмом аз мақоми сардори раёсати КДАМ дар ВМКБ барканор гардид.
Ба иттилои котиботи ҳукумати ВМКБ, сардори нави раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилоят Салимзода Абдусамад Муъмин таъйин гардид.
Қаблан Салимзода Абдусамад дар мақоми сардори раёсати КДАМ дар вилояти Суғд кор кардааст.
Маликзода Маҳмад Эмом ба вазифаи сардори Раёсати таълимиву омузишӣ ва мубориза бар зидди кибертерроризми КДАМ таъйин гардидааст.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Оғози санҷиш алайҳи фармондеҳи "ОМОН" - и Тоҷикистон: парванда дар КДАМ Қирғизистон
Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ зимни ҷаласа оид ба муаррифии роҳбари нави раёсати КДАМ аз Меликзода Маҳмад тавсиф кардааст, ки ҳамчун роҳбар ҳамеша боадолатона кор намуда, бо таҳлили ояндабинона назари нек ва нақшаҳои мушаххас дорад.
Таъкид шудааст, ки Меликзода дар муддати 4 соли фаъолияти хизматӣ тавонист уҳдадориҳояшро якҷоя бо мардуми сарфарози ВМКБ анҷом диҳад.
Ба иттилои котиботи ҳукумати ВМКБ, Маҳмад Меликзода зимни суханронияш аз дастгирии мақомоти вилоятӣ ва аҳли ҷомеа изҳори минатдорӣ кардааст.
“Рисолати асосии ман хизмат ба мардум мебошад, вале бе дастгирии аҳли ҷомеа наметавон ба ҳадафҳои нек расид. Яке аз ҳадафҳои асосии РКДАМ ҶТ дар вилоят ин аз лиҳози мусбӣ муаррифӣ намудани ВМКБ буд, ки дар ин ҷода ман аз тамоми имкониятҳо истифода намудам”, - таъкид намудааст Меликзода Маҳмад.