Шароити хубу даромади бештар: Тоҷикистон барои муҳоҷиронаш шароити беҳтар месозад

Ахиран вазорати меҳнат ва Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Олмон (GIZ) дар Тоҷикистон оид ба татбиқи лоиҳаи “Беҳтарсозии шуғл ва даромади муҳоҷирони меҳнатӣ дар Тоҷикистон” созишнома имзо карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 мая — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти вазорати меҳнат, ахиран миёни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва GIZ дар Тоҷикистон Созишнома оид ба татбиқи лоиҳаи “Беҳтарсозии шуғл ва даромади муҳоҷирони меҳнатӣ дар Тоҷикистон” ба имзо расид.
Манбаъ таъкид доштааст, ки созишномаро Ширин Амонзода – Вазири меҳнат, Сабине Олтхоф – директори Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Олмон дар Тоҷикистон (маҷозӣ) ва Марита Шлайер - менеҷери лоиҳа дар ҳузури Сафири Олмон дар Тоҷикистон Андрес Протман имзо намуданд.
Қарордод имзо шуд: Олмон ба Тоҷикистон барои сохти НБО Себзор кумаки молӣ мерасонад
Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки лоиҳаи мазкур барои беҳбуд бахшидан ба шароити шуғл ва даромади муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ва аъзои оилаи онҳо равона мегардад.
Созмони GIZ аз соли 1995 дар Тоҷикистон ҳузур дорад. Ҳадафи фаъолияти худро дар Тоҷикистон созмон кумак ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ин кишвар мегӯяд. Айни замон ин созмон дар Душанбе ва ду шаҳри дигари Тоҷикистон идораҳои худро дорад.